Намоишгоҳи универсалӣ зери навои анклунг

№40 (3834) 31.03.2018

Палатаи савдоБо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 марти соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2018» ифтитоҳ шуд. Дар он ширкатҳои бонуфуз аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Хитой, Афғонистон ва Тоҷикис­тон маҳсулоташонро пешкаш намуданд.

 

- Ҳадаф аз ташкил намудани намоишгоҳ мусоидат ба ширкатҳои ватанӣ дар масъалаи устувор кардани мавқеъ дар бозор, муаррифии маҳсулоти корхонаҳо ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ мебошад, — гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид. – Бо дарназардошти ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва тибқи вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, яке аз масъалаҳои муҳим ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ бо коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда мебошад. Аз ин хотир, мо хоҳони ворид намудани технология ва таҷҳизоти пешрафтаи ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ бо мақсади коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва бо ин роҳ баромадан ба бозори ҷаҳонӣ мебошем.

Яке аз растаҳои сербинандатарини намоишгоҳ гӯшаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар он меҳмонони дохилию хориҷӣ бо акси мавзеъҳои зебои диёр ошно шуда, роҳнамо, харита ва таблиғнома бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисии бо сифати баланд нашршударо армуғон мегирифтанд.

- Дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мо бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноат, дар самти баргузории намоишгоҳҳо ҳамкории зичро ба роҳ мондем, — гуфт муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода. — Чанде пеш дар боғи «Ирам»- и пойтахт намоишгоҳи туристиро бо иштироки 10 сафоратхонаи муқими Тоҷикистон баргузор кардем, ки хеле хотирмон гузашт. Ин гуна чорабиниҳо дари ҳамкориҳои навро ба рӯйи ширкатҳои ватанӣ боз мекунанд.

Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи аксари бинандагонро ҷалб намуд, гӯшаи маҳсулоти истеҳсоли Индонезия буд. Директори Маркази фарҳангии Сафорати Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар шаҳри Остона) Акунг Сапутра тавассути анклунг ном асбоби мусиқии миллии индонезӣ оҳанги марғубе менавохту духтарони индонезӣ бо либоси миллӣ рақс мекарданд. Анклунг аз чӯби бамбук сохта ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст.

 С. Сайфиддин,

«Садои мардум»