НБО-и «Помир-1» зодаи Истиқлолият аст

№121 (3422) 09.09.2015

Гес.avi.Still002Неругоҳи барқи обии «Помир-1» калонтарин манбаи барқистеҳсолкунии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, фаъолияти он ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре директори Ширкати «Помир Энерҷи» Далер Ҷумъаев зимни суҳбат ба хабарнигорамон изҳор дошт, соҳибихтиёрии ҳар як кишварро асосан се арзиши муқаддас-истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозад. Ин се унсури тақдирсоз шарти муҳимтарини тараққиёти мамлакат мебошанд, ки хушбахтона, мардуми тоҷик, минҷумла бадахшониён, аз онҳо пурра бархӯрдоранд.

- Маҳз кумаку талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Бадахшон ба истиқлолияти энергетикӣ расид.

Тавре маълум аст, бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ солҳои 90-уми асри гузашта сохтмони Неругоҳи барқи обии «Помир – 1» ба куллӣ қатъ гардида буд ва ҳеҷ кас гумон надошт, ки замоне сохтмони он ба охир мерасад. Аз ин рӯ, идома бахшидани сохтмони неругоҳ як рӯйдоди таърихӣ дар даврони истиқлолият арзёбӣ мешавад.

Баъди ором шудани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз вазъи душвори молиявӣ Ҳукумати кишвар барои тезонидани сохтмони НБО-и «Помир-1» маблағҳои заруриро равона кард. Сарвари давлат супориши қатъӣ доданд, ки марҳилаи аввали ин иншооти барои кишвар заруриро бояд соли 1994 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Дар ҷаласаҳо ва машваратҳо Ҷаноби Олӣ идораву вазоратҳои дахлдорро супориш медоданд, ки барои идомаи сохтмони НБО-и «Помир-1» дар таъмини маблағ ва маводи сохтмонӣ афзалият дода шавад.

«Бигузор ба кор андохтани ин иншооти на чандон калон дар мамлакати мо  пешоҳанги ба кор даровардани иншоотҳои бузурги замони истиқлолият гардад», — таъкид медоштанд Эмомалӣ Раҳмон, — гуфт дар идомаи суҳбат Далер Ҷумъаев.

- Оғозу анҷоми НБО-и «Помир-1» кай ва чӣ гуна сурат гирифт? — мепурсам аз ӯ .

- Номбурда дар ҷавоб изҳор дошт, ки сохтмони Неругоҳи барқии обии «Помир-1» ҳанӯз дар даврони шӯравӣ соли 1984 оғоз ёфта буд. То соли 1992 бинои истеҳсолӣ, қисми нақби обгузар ва ғайра сохта шуданд, вале баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ сохтмон  қатъ гардид.

Сарвари давлат муҳлати ба истифода додани навбати аввали неругоҳро соли 1994 муайян  карда буданд. Аз ин ҷост, ки 23-юми марти соли 1994 Ҷаноби Олӣ ба деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон омада, дар маросими ба кор андохтани ду агрегати НБО-и «Помир-1» иштирок карданд.

Ин манбаи барқистеҳсолкунӣ минбаъд дар беҳдошти ҳаёти сокинони Бадахшон нақши бузурге бозид.

Баъди ба истифода додани ду агрегат бо тавоноии 14 мВТ таъминоти қувваи барқ дар шаҳри Хоруғ ва деҳоти навоҳии гирду атроф хеле беҳ гардид, вале сарфи назар аз ин Сарвари давлат супориш доданд, ки суръати сохтмони  неругоҳи мазкурро боз ҳам тезонанд. Ҳамин тариқ, соли 2005-ум бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боз ду агрегати дигари НБО-и «Помир-1» ба кор андохта шуд ва таъмини аҳолӣ бо барқ ба 70 фоиз расид.

Мутаассифона, моҳи феврали соли 2007 ин неругоҳ ба садама дучор гашт ва ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки он дар муддати кӯтоҳ барқарор мегардад.

Танҳо ҷидду ҷаҳди Президенти мамлакат буд, ки дар як муддати кӯтоҳ, аниқтараш баъди 45 рӯз, агрегати нахустини он ба кор оғоз кард ва моҳи октябри ҳамон сол неругоҳ пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маҳз аз шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки сокинони шаҳри Хоруғ тамоми фасли сол аз 20 то 24 соат ва ноҳияҳо, бидуни Мурғоб, аз 16 то 18 соат бо қувваи барқ таъминанд. Айни ҳол ҳамаи чор дастгоҳи барқистеҳсолкунандаи НБО «Помир-1» бо тавоноии 28 мегаватт фаъолият дорад.

НБО-и «Помир-1» айни замон 65 фоизи тавлидоти умумии барқи Ширкати «Помир Энерҷи»-ро ташкил медиҳад. Дар фасли тобистон мо ҳатто ба мардуми дӯсту ҳамсояамон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барқ медиҳем.

Тибқи супоришу ҳидоятҳои Сардори давлат бояд дар ҳудуди вилоят камаш 17 неругоҳи барқи обии хурду бузург сохта шаванд. Танҳо дар даврони истиқлолият сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Техарв», «Андарбак», «Ширг-1» ва «Ширг-2» анҷом ёфта, азнавсозии НБО-ҳои «Ванҷ», «Ишкошим», «Мурғоб» ва «Хоруғ» ба охир расид.

Тавре хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, зимни сафари ба наздикӣ анҷомдодаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон хишти аввали сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» гузошта шуд. Ин неругоҳ бо иқтидори 10 мегаватт сохта мешавад.

Ин ҳама меваҳои шаҳдбори дарахти истиқлолиятанд, ки дар заминаи Ваҳдату ягонагӣ ва ризоияти миллӣ рӯидааст. Мо – бадахшониён аз дигарҳо дида, шаҳди меваҳои истиқлолиятро бештар чашидаем ва аз он шукргузорем. Иншооллоҳ он рӯз дур нест, ки дар ВМКБ боз як неругоҳи бузург – Неругоҳи барқи обии «Санобод» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»