Оғози татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак»

№99 (4049) 17.08.2019

1111Чанде пеш дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар робита ба оғози татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парадип Сривастава, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марте Эверард ва дигарон иштирок доштанд.

Насим Олимзода минҷумла, зикр намуд, «Таҷриба нишон дод, ки ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд аз тариқи амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи тандурустӣ тақвият ёфта, натиҷаҳои мусбат ба бор овардааст. Муҳим он аст, ки татбиқи лоиҳаҳо ба рушди соҳа ва беҳдошти саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат менамояд».

- Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2010 «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» қабул гардид. Он ба чор самт — хизматрасонии тиббӣ, захираҳои инсонӣ, маблағгузорӣ ва идоракунии тандурустӣ равона шуда, ҳар сол якҷо бо мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ҷамъбаст гардида, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо баррасӣ мешаванд, — афзуд номбурда.

Ба гуфти вазир, яке аз масъалаҳои асосӣ дар стратегия паст кардани фавти модарону кӯдакон мебошад. Дар иртибот ба ин, бақайдгирии саривақтии занони ҳомила беҳтар гардонида шуда, дастрасӣ ба маводи контрасептивӣ ба занҳо ҷиҳати ба танзим даровардани оила бештар шуд. Ин тадбирандешӣ боиси он гардид, ки сол ба сол фавти модару кӯдак дар кишвар кам гардад.

Роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Марте Эверард изҳори қаноатмандӣ намуд, ки аз соли 2015 дар ҷаҳон фавти модарону кӯдакон коҳиш ёфта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин тамоюл ба назар мерасад. Бино ба маълумоти М. Эверард, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррас ҷиҳати паст кардани камғизоӣ дар байни кӯдакон дида мешавад, зеро ин нишондиҳанда аз 26 то 17 фоиз кам шуд.

Ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова оид ба амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» иброз дошт, ки ҳифзи сиҳатии модару кӯдакон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Менеҷери Гурӯҳи татбиқи лоиҳа Исфандиёр Маҳмудзода оид ба ҳадаф ва вазифаҳо сухан карда, зикр намуд, ки маблағи умумии он 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз он 3,2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Амалисозии лоиҳа аз 29 марти соли 2019 то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» (гранти Бонки осиёии рушд 0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2019 тасдиқ гардида буд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади самаранок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018 «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин оғоз гардидааст.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»