Об ояд тӯй хоҳам кард гӯяд боғи нав

№36 (3673) 04.04.2017

каналОмодагиҳо ба мавсими обёрӣ дар кадом сатҳ аст?

Дар суҳбате, ки бо директори Агентии беҳдош­ти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон доштем, оид ба омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ, тадбирандешиҳо бобати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳо ва дигар самтҳо пурсон шудем.

Ӯ гуфт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро ҷоннок намуда, уҳдадориҳоро сари вақт иҷро карда истодаанд. Чунончӣ, пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт ва шаҳри Исфара аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими обёрӣ комилан омодаанд.  Аз ҳисоби маблағҳои Агентӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои пойгоҳҳои обкашии «Дилварзин-1», «Дилварзин-2» -и ноҳияи Мастчоҳ 6 дастгоҳи обкашӣ харидорӣ шуда, мушкилоти камобӣ пурра бартараф шуд. Дастгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод низ таъмир гардида, соли 2016  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 2  ва  истеҳсоли пахта 2,5 баробар зиёд гардид.

- Дар шаҳри Конибодом низ, ки аз сабаби набудани техника ва тоза накардани заҳбуру заҳкаш обҳои зеризаминӣ зиёд шуда, заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, 4 экскаватори пуриқтидор харидорӣ кардем ва имсол Канали калони Фарғона ва заҳбуру заҳкашҳои шаҳри Конибодомро пурра тоза намудем, ки дар натиҷа 500 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз нав мавриди истифода қарор гирифт. Нақша дорем, ки имсол пойгоҳи обкашии «Наврӯз»-и шаҳри Исфараро барқарор кунем. Дар гюкери Томчисойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, кор рафта истодааст ва агар пойгоҳи обкашии онро ба кор дарорем, боз 1000  гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид мешавад, — афзуд Холмурод Раҳмон.

Инчунин, дар шаҳри Панҷакент каналҳои Марғедар, Халифа Ҳасан, Туқсанкорез, дастгоҳҳои обкашии  Ёрӣ пурра таъмир шуд. Дар деҳоти «Хурмӣ» корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом ёфта, зиёда аз 250 гектар замин барои кишти шолӣ омода гардида, дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ бо анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ майдони кишти шолӣ 150 гектар меафзояд.

Дар маҷмӯъ, соли  2016-ум 3450 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша  2000  гектар зиёд аст. Соли 2017 ба гардиши кишоварзӣ даровардани 9000 гектар замин бо харҷи 9,9 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Яке аз вазифаҳои асосӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ мебошад. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 753929 гектар замини обӣ мавҷуд аст, ки 562 ҳазор гектари он  дар гардиши кишоварзӣ мебошад.

Холмурод Раҳмон гуфт, ки дар тавозуни корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  384 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки аз ин 285 — тоаш силсилавӣ фаъолият мекунанд. 50 фоизи заминҳои корами ҷумҳурӣ ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ бо об таъмин мешаванд.

Новобаста аз он ки ҳар сол Ҳукумати кишвар барои беҳ кардани ҳолати мелиоративии заминҳо чораандешӣ менамояд, дар ҷумҳурӣ заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мемонанд. Зимни шарҳи ин масъала Холмурод Раҳмон зикр кард, ки барои дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани заминҳои обёришаванда  11,4 ҳазор километр заҳбуру заҳкашҳо, аз ҷумла 2,2 ҳазор километр байнихоҷагӣ ва 9,1 ҳазор километр дохилихоҷагӣ вуҷуд доранд, ки аз ин 5,4 ҳазор километр заҳкашҳои кушод ва 3,7 ҳазор километр заҳкашҳои пӯшида мебошанд. Илова бар ин, дар заминҳои обёришаванда 2453 чоҳи амудӣ, аз ҷумла 1115 чоҳи амудии мелиоративӣ, 746 чоҳи обёрикунанда ва 174 дидбонгоҳ хизмат мерасонад.

Дар ҷумҳурӣ барои хизматрасонии зиёда аз 100 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда 2461 чоҳи амудии обёрикунанда ва мелиоративӣ мавҷуданд, ки аз ин миқдор 110 чоҳи обёрикунанда ва 422 чоҳи мелиоративӣ (226 адади он коршоям аст) дар мувозинаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ буда, ба 15,8 ҳазор гектар об мерасонанд.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ собиқ Вазорати мелиоратсия 1854 экскаватору булдозер дошт, ки барои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо истифода мешуданд.  Онҳо 10 сол муҳлати истифода доштанд ва ҳама корношоям шудаанд.  Айни замон 200 техникаи наву куҳна  дар тобеият аст, ки бо ин иқтидор имкони пурра тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо нест.

75 фоизи таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ истеҳсоли солҳои 1958-1970 буда, муҳлати техникии истифодабарии онҳо гузаштааст. Таъмир ва нигоҳдории онҳо хароҷоти калонро талаб намуда, масрафи қувваи барқ дар ин пойгоҳҳо зиёд буда, меъёри даркории обро дода наметавонанд.

- Мо дар 2 сол қисме аз қарзҳоро, аз ҷумла 38 миллион сомонӣ қарзи андоз ва 12,5 миллион сомонӣ қарзи музди маошро пардохт намудем. Имсол нақша дорем, ки қарзи музди маошро пурра пардохт намоем. Мушкилоти асосӣ пардохти қарзи истифодаи неруи барқ аст. Дар ноҳияи Дӯстӣ дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Ҷунтай-Хатлон» ва дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун бо ҶДММ «Водии заррин» агрегатҳои нав насб кардем, ки оби зиёд медиҳанду хароҷоти барқашон кам аст. Ба ин восита метавонем маблағро ҷамъоварӣ кунему қарзҳоро пардохт намоем, — афзуд ҳамсуҳбатам.

- Мавсими обхезӣ шурӯъ мешавад ва мо корҳои соҳилмустаҳкамкуниро оғоз кардем. Дар дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Ёхсуву Сурхоб кор рафта истодааст. Ба воситаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ноҳияи Восеъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба итмом мерасад. Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб, ки дарозиаш 5,6 километр аст, 4,7 километрро бетонпӯш кардем. Бо кумаки Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  лоиҳаи тағйир­ёбии иқлим дар сойҳои Даҳана  ва Зиракии шаҳри мазкур корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бомаром идома доранд, — илова кард Х.Раҳмон.

Дар фарҷом аз сатҳу сифати иҷрои барномаҳои соҳа пурсидем. Маълум шуд, ки тайи солҳои 1996-2000 дар натиҷаи татбиқи онҳо дар 151373 гектар корҳои мелиоративӣ гузаронида шуда, ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»