Оё дар Ҳисор ба замини наздиҳавлигӣ ниёз надоранд?

№8 (3645) 26.01.2017

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар деҳот дар даврони истиқлолият зиёда аз 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудаанд, ки аз он 134 ҳазор гектар барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва 10 ҳазор гектар барои бунёди корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардидааст». Воқеан ҳам, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ибтикори гуногун амалӣ шуданд, ки ҳадаф аз онҳо дастрас гардидани замин ба соҳиби аслии он аст. Бо он мақсад, бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар ду марҳала 75000 гектар замин ба кишоварзон ҳамчун замини президентӣ тақсим шуд. Мутаассифона, айни замон истифодаи он заминҳо мувофиқи мақсад нест. Эътироф бояд кард, ки имрӯз бархе аз одамон ҳатто дар деҳот ба замин чандон меҳр надоранд. Муҳаббати аҳолӣ ба ин неъмати бебаҳо аслан дар эъмори манзили истиқоматӣ зоҳир мешавад, ки пайомадҳояш ногувор аст. Ин аст, ки дар мамлакат 12830 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Барои кишваре, ки замини хеле кам дорад, ин боиси нигаронист. Аз ин рӯ, нафароне, ки бинобар саҳлангориашон чунин ҳолат ба миён омадааст, бояд мавриди муҷозот қарор гиранд, то барои дигарон дарс шавад.

Масъалаи дигари нигаронкунанда, сари вақт тақсим нашудани замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон аст. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ҳисор аз 899 гектар замине, ки бояд тақсим мешуд, то кунун 31 фоизи он бесоҳиб аст. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин шаҳр ба замин эҳтиёҷ надоранд. Дар ҳоле ки нафарони зиёд аз шумори сокинони шаҳр ин ормонро бо худ ба гӯр мебаранд, масъулин мақоли халқии «шикамсер чӣ парвои гурусна дорад»-ро сармашқи кор қарор дода, ин равандро дидаву дониста, ба дарозо мекашанд. Маҳз ин ҳолатҳо замина фароҳам меоранд, ки ашхоси ба истилоҳ «чолок», албатта, бо кумаки як идда соҳибмансабон «обро лой карда, моҳӣ медоранд». Дар натиҷа, талаботи моддаи 13 Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки тибқи он замин моликияти истисноии давлат буда, маҳз давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад, зери суол мемонад.

Умуман, собит гардид, аз соли 2010 то 2016 дар ҷумҳурӣ ба эҳтиёҷмандон 29375,67 гектар замин ҷудо гардидааст, ки то кунун 32 фоизи он тақсимнашуда боқӣ мондааст. Сабаб дар чист? Интизори шарҳи масъулинем…

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»