«Пайомад»-и хусусигардонӣ

№108 (4214) 05.09.2020

IMGСолҳои 70-уми асри XX дар маркази деҳоти «Мискинобод»-и ноҳияи Файзобод филиали Корхонаи зарфсозии шаҳри Ваҳдат фаъол буд. Бист нафар, аз ҷумла бонувон ва ҷавонони деҳот, бо ҷои кор таъмин буданду даҳҳо номгӯй зарф барои рӯзгор зарур истеҳсол менамуданд.

Аммо дар солҳои муқовимати дохилӣ корхона аз фаъолият монд. Баъдан, онро хусусӣ гардонданд. Ҳамин тавр, бинои корхона вайрону валангор ва майдони атрофи он ба чарогоҳ табдил ёфт.

Алҳол агар масъул ё соҳибкори ватандӯсте пайдо мешуду биноро ба корхонаи коркарди меваю сабзавот табдил медод, аз чанд ҷиҳат фоидаовар мебуд. Дар он сурат садҳо тонна меваю сабзавот коркард мешуд ва чанд нафар соҳиби ҷойи кор мегардиданд.

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод