Нодираи Маҳмадисо: «Пайравӣ ба Сарвари давлат рисолати инсонии мост»

№58 (3695) 25.05.2017

Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоату ниёзманд ва тарбияи фарзандони ятиму бепарастор тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.

Ба гуфти раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо, вазъи зиндагии собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоату бепарастор таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳот, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша хатнасури 36 нафар фарзанд аз ­оилаҳои камбизоат ва тӯйи домодию арӯсии 10 ҷуфт гузаронида шуд.

Дар назди муассисаҳои таълимии №1, 4 ва 6 се интернати наздимактабӣ амал менамояд, ки 91 нафар кӯдак аз оилаҳои бесаробон ва камбизоат, инчунин хонандагони деҳаҳои дурдаст дар онҳо таълиму тарбия мегиранд.

Ғайр аз маблағҳои бо ин мақсад ҷудокардаи буҷети маҳаллӣ, сарпарастии интернатҳоро Корхонаи «Текс­тилмаш», Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷиктрансгаз» ба зимма доранд.

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 610 нафар муроҷиат намудаанд, ки муҳтавои аризаҳои онҳо аз таъмини ҷойи кор ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок иборат мебошанд. Аз ҷумлаи муроҷиаткунандагон 95 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, барои такмили ихтисос 100 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат сафарбар шуданд. Ба 16 нафар қарзи имтиёзнок ва ба 12 нафар аробачаи маъюбӣ тақдим гардид.

- Дастгирии ниёзмандон меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо ҳамчун пайравони Пешвои миллат муваззаф ҳастем, ки дар ин ҷода бетарафӣ зоҳир нанамоем, зеро пайравӣ аз иқдомоти Сарвари давлат, пеш аз ҳама, инсонгароию одамгарист, — гуфт дар хотимаи суҳбат Нодираи Маҳмадисо.

 М. Диловар,

«Садои мардум»