Пайрави падар

№150 (3944) 18.12.2018

IMG_20181207_205026Соҳибкори ҷавону кордон Аслиддин Алиев соҳиби беш аз 300 оила занбӯри асал асту ӯро низ мисли падари дар ин соҳа шуҳратмандаш бисёри­ҳо мешиносанд.

Дарвоқеъ, Ғиёсиддин Алиев яке аз асалпарварони машҳури кишвар буд ва беш аз 30 сол (1973 – 2003) дар рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ саҳми босазо гузошт. Солҳои зиёд ба ҳайси сардори КВД «Асали тоҷик»- и Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Вазорати кишоварзӣ) фаъолият дошт. Дар он давра бо тавсияи Ғиёсиддин Алиев дар 42 ноҳияи ҷумҳурӣ занбӯриасалпарварӣ ба роҳ монда шуд ва 16 хоҷагии махсус ташкил гардид. Нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта нақшаҳояшро барбод дод. Бо фаро расидани айёми осоишта Ғ. Алиев ва дигар мутахассисону ҳамкасбон саъй карданд, то соҳаро аз нав барқарор намоянд. Хизматҳои номбурда бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, соли 1998 бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон мушарраф гардид.

«Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз». Ин гуфтаи халқиро Аслиддин дар ҳаёти шахсӣ исбот кард. Вай на танҳо хоҷагии занбӯриасалпарвариро ривоҷ дод, балки ба садҳо хоҳишманд, ки ба ин кор машғул шудан мехоҳанд, дар ташкили хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ ёрӣ мерасонад. Асалпарварони шаҳру навоҳии гуногуни кишвар барои дарёфти ашёи хом, асбобу лавозимоти зарурии соҳа ба ӯ муроҷиат мекунанд. Аслиддин соли 1999 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.  Шоҳтемурро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, солҳои 1999 — 2005 ба ҳайси сариқтисодчии КВД «Занбӯриасалпарварӣ» адои вазифа кард.

Ҷавони ҷӯяндаю заҳматпеша аст. Барои такмили истеъдод пайваста меомӯзад, бо усулҳои наву ҷолиби занбӯриасалпарварӣ ошно мешавад. Китобчаи таҳия ва ба нашррасондаи падар — «Таърихи занбӯриасалпарварӣ ва маслиҳат ба занбӯриасалпарварон»-ро ҳамеша рӯйи даст дорад. Дар он баробари дастурҳои пурқимат маълумоти ҷолиб низ ҷой доранд. Чунончӣ: «Як доначаи гарди гулро занбӯри асал аз 3 — 4 миллион гул ҷамъоварӣ менамояд. Сад грамм гарди гул бо ғизонокии 0,5 кг гӯшти гов ё 7 дона тухми мурғ баробар аст».

Соли 2005 Аслиддин курси омӯзиширо дар Маркази миллии таълимии кишоварзӣ хатм карда, соҳиби сертификат гардид ва ҳамчун мутахассиси варзида минбаъд дар ин марказ ба занбӯриасалпарварон таълим дод. Сазовор гардидан бо чандин сипосномаю ифтихорнома аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» самараи заҳматпешагию кордониаш аст. Илова бар ин, иштирокчиии фаъоли намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва Иди асали ҷумҳурӣ мебошад.

- Ширкат дар Иди асал, ки соли 2005 баргузор гардид, бароям фармӯшнашаванда аст. Ба намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ба ин муносибат ташкилгардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварданд. Банда низ шарафёб гардидам, ки бо Сарвари давлат лаҳзае суҳбат намоям. Муҳтарам Президент ба ман ва ҳамкасбонам барори кор хостанд, — бо ифтихор ба ёд меорад Аслиддин. Ҳамчунин, ӯ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ тамоми шароит муҳайё гардида, санадҳои меъёриии ҳуқуқӣ низ қабул шудаанд. Соли 2012 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» қабул гардид, ки барои пешбурди соҳа заминаи мукаммали ҳуқуқиро фароҳам овард. Татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2016» бошад, ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли асал дар мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хусусан дар ноҳияҳои кӯҳистон мусоидат кард. Дар натиҷа, теъдоди  оилаҳои занбӯри асал ба 179 000 ва истеҳсоли асал ба 3000 тонна расид.

Бо истифода аз шароиту имконият Аслиддин ва дигар мутахассисон метавонанд дар рушди соҳа саҳмгузор бошанд. Занбӯри асал ва амалу рафтораш муъҷизаи илоҳӣ аст ва онро касоне дарк мекунанд, ки нозукиҳояшро омӯхтаву бо азми қавӣ ва нияти нек заҳмат кашанд. Аслиддин Алиев аз зумраи ҳамин нафарон аст ва барояш комёбӣ, саодати бардавоми рӯзгорро таманно мекунем.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»