Рашт. Дастовард ва мушкилоти соҳаи тандурустӣ

№109 (3589) 20.08.2016

РаштДар ноҳияи Рашт 83 муассисаи тандурустӣ мавҷуд буда, дар онҳо 611 нафар, аз ҷумла 131 нафар духтур фаъолият мекунанд, ки ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 10,96 нафар рост меояд.

Нимсолаи аввали соли равон дар ноҳия 1513 таваллуд  ба қайд гирифта шудааст, ки 67  фоизи он дар  беморхона сурат гирифтааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таваллуд дар хона 4 фоиз   кам шудааст.

Дар беморхонаи марказии ноҳия ва беморхонаҳои минтақавии Навобод, Ҳоит, Қалъаи Сурх ва Нимич дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2546 нафар бемор бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд.

Вақте, ки мо вориди беморхона гардидем, коргарон ба тоза кардани саҳни ҳавлӣ ва рангубор намудани девори бинои асосӣ машғул буданд.

- Кормандони беморхона тасмим гирифтанд, ки ба пешвози ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби худ беморхонаро таъмиру тармим созанд, зеро имсол барои таъмири ҷорӣ дар ҳисоби беморхона маблағ нест, — гуфт сардухтур А. Солиҳов.

Кормандони соҳа барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, нақша ва фармонҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон кори зиёдро ба анҷом расонидаанд. Барои мисол, дар доираи «Стратегия оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар нимсолаи аввали соли равон 38 нафар бемори сил табобат шуданд.

Сол то сол бемории диабети қанд паҳн мешавад, биноан барои табобати он ва пешгирии паҳншавии ин беморӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2017»-ро қабул намудааст. Дар ин давра 138 нафар гирифтори диабети қанд ба қайд гирифта шудааст, ки дар байнашон 11 нафар кӯдак ва ҷавони то синни 21 низ мебошанд.

Ҳамроҳи сардухтур аз вазъи беморхона дидан карда, бобати дастоварду мушкилоти соҳа суҳбат доштем.

- Сол то сол вазъи кори соҳа рӯ ба беҳбудист, — гуфт Алимуҳаммад Солиҳов. Аммо ҳанӯз мушкилоти зиёд мавҷуд аст, ки ба пешравии кор халал мерасонад. Қисми зиёди биноҳои беморхона солҳои чилу панҷоҳи асри гузашта сохта шудаанд. Он айём чунин беморхонаҳо дар маркази колхозҳои калон, ки аҳолиашон зиёд буд, сохта мешуданд. Кабинетҳои корӣ намерасанд. Шукр, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ рушд меёбад. Ҳар сол шуъбаҳои нав таъсис дода мешавад, аммо имконият надорем, ки онҳоро бо кабинети корӣ таъмин кунем. Вақти он расидааст, ки дар маркази ноҳия як беморхонаи бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз сохта шавад.

Мушкилии дигар нарасидани мутахассисони соҳибтаҳсилот аст. Хоса, духтурони тибби оилавӣ ва духтурони касалиҳои занона (акушер-гинеколог). Беморхонаи марказӣ пурра бо мутахассисон таъмин аст, аммо беморхонаҳои минтақавӣ ва марказҳои саломатӣ ба кадр ниёз доранд.

Дар беморхонаи марказӣ дастгоҳи рентгенӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳамчунин, табибони дандон низ ба таҷҳизоти нав ниёзманданд.

Бовар дорем, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Рашт мушкилотро ҳал мекунем ва сатҳи хизматрасониро ба сокинон боз ҳам хубтар менамоем, — гуфт дар хатми суҳбат Алимуҳаммад Солиҳов.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ