Рисолати «Садои мардум» аз номаш ҳувайдост

№151 (3631) 10.12.2016

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо, аз ҷумла «Садои мардум» идома дорад.

Дар ин маърака сокинони навоҳии Айнӣ  ва Кӯҳистони Мастчоҳ пешсафанд. Ин ҳол баёнгари шавқу ҳаваси беандоза нисбат ба  мутолиа доштани мардум аст.

Дар суҳбат раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода гуфт, ки дар ин кор Маркази алоқаи почтаи ноҳия (сардораш Холмуҳаммад Надиров), беморхонаи марказӣ (сартабиб Раҳматбой Мустафоев), Идораи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (сарвараш Сироҷиддин Бобоев), идораи кишоварзӣ (сардораш Мансур Носиров) якҷо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ (Шоира Бобоева), Рарз (Абдуаҳад Сангинов), Анзоб (Рӯзибой Раҳимов), Урметан (Фарҳод Қурбонов) ва дигар корхонаю муассисаҳо ҳиссаи муносиб доранд.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли  дуюм аст, ки дар қатори пешсафон қарор дорад.

Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода сирри ин муваффақиятро дар ривоҷу равнақ гирифтани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, боло рафтани дараҷаи тафаккури омма, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.

Дар ин ҷода саҳми кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, шуъбаи маориф (мудираш Сӯҳроб Охунзода), беморхонаи марказӣ (сартабиб Абдуамон Идиев), бахшҳои фарҳанг (сардораш Гулбаҳор Зокирова), ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (сардораш Ҳотамбек Ахмедов), ҷамоатҳои деҳоти Лангар (раисаш Равшан Раҳимов) ва Иван-тоҷик (раисаш Ботурхӯҷа Умаров) калон аст.

Бояд гуфт, ки раванди обунашавӣ ба рӯзномаи «Садои мардум» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар буда, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Шаҳристон низ пешсафони маърака мебошанд.

Мутаассифона, суръати обунашавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Мастчоҳ, Конибодом, Зафаробод, Деваштич нисбатан суст мебошад.

Рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар буда, рисолаташ аз номаш пайдост.

Умед мекунем, ки сарварони шаҳру навоҳии ақибмонда корро беҳбуд мебахшанд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»