Нақлиёт

Роҳи оҳани Покистон — Афғонистон — Ӯзбекистон оғоз меёбад

№18 (4280) 09.02.2021

Тоҷикистон аз он чӣ нафъ мегирад?

12370912Моҳи сентябри соли равон сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул оғоз меёбад. Он қисмате аз шоҳроҳи Покистон- Афғонистон-Ӯзбекистон буда, дар назар аст, ки лоиҳааш то моҳи июни соли ҷорӣ омода шавад.

Соли 2017 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон роҳбарони ҳар ду кишвар Созишнома дар бораи сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф-Ҳиротро имзо карданд. Ин роҳ қисмати шимол ва ғарби Афғонистонро бо ҳам мепайваст. Декабри соли 2018 дафтари матбуоти ҶС «Роҳҳои оҳани Ӯзбекис­тон» иттилоъ дод, ки сарварони роҳҳои оҳани Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон оид ба бунёди роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул-Пешовар консорсиуми молиявӣ таъсис медиҳанд. Ин шоҳроҳ Иттиҳоди Аврупо, Россия ва Ӯзбекистонро бо Афғонистону Покистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ мепайвандад.

Солҳои панҷоҳуми асри ХХ сарварони Иттиҳоди Шӯравӣ Н. С. Хрушёв ва Н. А. Булганин бо роҳбарияти Афғонис­тону Ҳиндустон дар бораи кашидани хати роҳи оҳан ба мувофиқа расиданд. Розигии ҷониби Покистон низ гирифта шуд. Мутаассифона, вазъи сиёсии замон ба амалишавии он лоиҳаи муҳим монеъ гардид.

Солҳои шастуми асри гузашта тоҷири маъруфи Афғонистон Ғулом Сарвар Носир ба Ҳукумати ИҶШС муроҷиат намуд, ки ба сохтмони роҳи оҳани Қундуз-Бандари Шерхон-Тоҷикистон иҷозат диҳад. Ҳарчанд ӯ маблағи сохтмонро пурра ба зимма гирифта бошад ҳам, Ҳукумати Шӯравӣ ба амалишавии лоиҳа розӣ нашуд. Агар он пешниҳод қабул мегардид, Тоҷикистон кайҳо ба кишвари марказии транзитӣ табдил ёфта буд.

Мутаассифона, роҳбарияти вақти шӯравӣ намехост, ки Тоҷикистон бо кишвари ҳамзабонаш робита барқарор кунад. Ҳукумати шӯравӣ ба сохтмони роҳи оҳани бепул дар рӯди Панҷ иҷозат надод, вале баъди чанд сол барои Афғонистон аз болои Амударё, ки нисбатан паҳнтару серхароҷот аст, роҳи оҳан сохт.

Мероси Шӯравӣ ба Ӯзбекистон монд

Оғози солҳои ҳаштодуми асри гузашта Иттиҳоди Шӯравӣ барои интиқоли борҳои низомӣ аз болои дарёи Аму роҳи оҳани Тирмиз-Ҳайратон (Афғонис­тон)-ро сохт. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ он ба ихтиёри Ӯзбекистон гузашт. Соли 2010 ҶС «Роҳҳои оҳани Ӯзбекистон» роҳи оҳанро то фуруд­гоҳи ба номи Ҷалолиддини Балхии шаҳри Мазори Шариф давом дод. Барои сохтмони 75 километр роҳи оҳан 129 миллион доллар сарф шуда, маблағро Бонки осиёии рушд пешниҳод кард. Бояд гуфт, ин роҳ дар рушди тиҷорати Афғонистон нақши муҳим мебозад. Зеро қариб нисфи маҳсулоти зарурӣ ба Афғонистон тавассути Ҳайратон ворид мегардад.

Соли 2007 Ӯзбекистон бо харҷи 447,1 миллион доллар хати роҳи оҳани 223-километраи Тошгузар-Бойсун-Қумқурғонро сохт. Ин шохаи нави роҳ имкон дод, ки қатораҳои Ӯзбекистон ба ҳудуди Туркманистон надаромада, тавассути ағбаи Ғузор вориди вилояти Сурхондарё шаванд.

Собиқ сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ричард Норланд зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуда буд, ки сохтмони роҳи оҳани «Ҳайратон-Мазори Шариф» оянда дастрасии кишварҳои Осиёи Марказиро ба бозору бандарҳои Осиёи Ҷанубӣ осон хоҳад кард.

 Ба роҳи оҳани Покистон — Афғонистон — Ӯзбекистон Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳам таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Зеро Хитой ҳоло яке аз лоиҳаҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ — Долони иқтисодии Хитой-Покистон (CPEC)-ро бо харҷи беш аз 60 миллиард доллар амалӣ карда истодааст. Бунёди роҳи оҳани Покистон — Афғонистон — Ӯзбекистон самаранокии лоиҳаи CPEC- ро дучанд мегардонад.

Тоҷикистон аз лоиҳа чӣ бурд мекунад?

Дарозии роҳи оҳани зикр­шуда 573 километрро дар бар гирифта, аз ағбаи Саланг мегузарад. Дар ин масир хати барқи баландшиддати Қундуз-Пули Хумрӣ-Кобул мавҷуд аст, ки неруи барқи аз Тоҷикистон содиршударо интиқол медиҳад. Дар назар аст, ки тавассути он қатораҳои барқӣ (электропоезд) низ ҳаракат кунанд. Ин иқдом арзиши интиқоли борро коҳиш медиҳад. Масалан, агар барои интиқоли контейнер дар як километр 0,5 доллар сарф шавад, пас дар 573 километр ҳамагӣ 286,5 долларро ташкил медиҳад. Дар ин сурат арзиши аслии маҳсулоти интиқолдиҳанда коҳиш ёфта, ҳаҷми содирот меафзояд. Масалан, Хитой аз содироти маҳсулоти нассоҷӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 40 миллиард евро, Бангладеш — 20 миллиард, Ҳиндустон — 9 миллиард, Покистон — 5 миллиард, Ӯзбекистон  50 миллион евро даромад мегирад, зеро интиқоли контейнери иборат аз 20 тонна бор аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон то шаҳри Брюссели Белгия 9000 евро хоҳад буд. Ин рақам аз Ҳиндустон 500 евро, Бангладеш — 700 ва Хитой (Шанхай) 1300 евроро ташкил медиҳад. Зеро онҳо маҳсулотро бо роҳи арзони обӣ мекашонанд.

Ин мисол гувоҳи он аст, ки истифода аз бандарҳои Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон барои мо аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Дар сурати тавассути роҳи оҳан ба ин бандарҳо расидан хароҷоти роҳ хеле кам мешавад. Агар роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон ба ин шоҳроҳ пайвандад, пас содироти маҳсулоти мамлакати мо ба Афғонистону Эрону Покис­тон афзун хоҳад шуд. Хоса, ба шарофати он Тоҷикистон метавонад содироти ангиштсанг, семент, нахи пахта, меваю сабзавот ва консерваро ба маротиб зиёд намояд.

Ҳукумати Покистон тасмим гирифтааст, ки якҷо бо Хитой роҳи оҳани Пешовар-Лоҳур-Карочиро таҷдид намояд. Масофаи он 2655 километрро дар бар гирифта, арзиши лоиҳа 6,8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Таҷдиди шоҳроҳ имкон медиҳад, ки суръати хароҷоти қатораҳо аз 65-110 километр/ соат то 165 километр/ соат зиёд шавад. Ин ибтикор имкон медиҳад, ки ҳаракати қатораҳо аз 34 то ба 171 қатора дар як рӯз расад.

Зимни татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани Покистон-Афғонистон-Ӯзбекис­тон як муаммо пеш меояд. Паҳнии роҳи оҳани Тирмиз-Ҳайратон — Мазори Шариф мисли роҳҳои оҳани Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ 1520 м2 мебошад. Роҳҳои оҳани Покистону Ҳиндустон бошад, 1676 м2 ва Эрон 1435 м2 аст. Агар то марзи Покистон сохтани роҳи оҳан ба зиммаи Ӯзбекистон вогузор гардад, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки паҳноии роҳи оҳан тибқи стандарти роҳҳои оҳани мамолики пасошӯравӣ сохта шавад.

Декабри соли сипаришуда роҳи оҳани Хоф (Эрон) — Ҳирот (Афғонистон) ба истифода дода шуд, ки дарозии он 225 километр аст. Тибқи лоиҳа, он ба бандари Чобаҳори Эрон пайваст мешавад.

Кош, вазъи Афғонистон ҳар чӣ зудтар ба эътидол ояду ин нақшаҳои нек амалӣ гарданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»