Роҳҳои нави ҳамкориҳо дарёфт мешаванд

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

28 майи соли ҷорӣ дар яке аз толорҳои барҳавои бинои Душанбе-Плаза  мулоқоти соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид. Дар он асосан  масъалаҳои шиносоӣ бо захираю имконоти иқтисодӣ ва инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти роҳҳои нави ҳамкориҳо миёни доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони кишвари мо бо яке аз вилоятҳои бузурги Хитой — Шэнси, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле пешрафта аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асаналӣ  Карамалиев ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фан Сянжун зимни суханронӣ  рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии миёни ду кишварро ба манфиати ҳар ду ҷониб нек арзёбӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки зимни сафарҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳҳои нави ҳамкориҳои бисёрҷониба дарёфт гардида, барои тақвияти муносиботи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ заминаҳои нав ба вуҷуд омаданд.

Тазаккур бояд дод, ки тибқи гуфтаҳои роҳбарони ин вилояти тараққикарда ва маълумотномаҳои ба хабарнигорон пешниҳодгардида, ҳудуди вилояти Шэнси 205,8 ҳазор километри квадратиро ташкил дода, дар он 37,7 миллион нафар зиндагӣ мекунад. Маркази маъмурии вилоят шаҳри Сиан мебошад. Ин вилоят айни ҳол бо 206 мамлакати ҷаҳон ва минтақаҳо ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ дошта, давоми як сол тавассути маблағгузориҳои хориҷӣ дар ин ҷо 5400 муассисаю корхонаҳо таъсис дода шудааст. Дар вилояти мазкур соҳаи авиатсия, роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилӣ тараққӣ карда, он дорои захираҳои калони ангиштсанг, нафт ва гази табиӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳамзамон соҳаи туризм рушд ёфтааст. Танҳо давоми соли 2013 вилоят 285 миллион сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро қабул карда, аз ин ҳисоб беш аз 213 миллион юан даромад ба даст овардааст.

Дар мулоқот беш аз 20 ширкату корхона ва муассисаҳои вилояти Шэнси аз ҷониби роҳбарони он муаррифӣ гардид. Намояндагони ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои бонкӣ, доираҳои дигари тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ  роҷеъ ба фаъолияти корхонаҳои хеш маълумот дода, барои ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ карданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»