Саҳмгузорӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои созанда

№5 (3955) 12.01.2019

«Ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.». Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) баён гардид. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем».

Соли гузашта Фонди Оғохон дар заминаи ҳамкориҳои густурда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барномаҳои иҷтимоию иқтисодиро роҳандозӣ кард. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд дар доираи барномаҳои «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон», «Рушди иқтисодии деҳот», «Идоракунии маҳаллӣ» ва ғайра лоиҳаҳо татбиқ шуда истодаанд. Соли гузашта дар вилоят якчанд лоиҳа ба маблағи 402000 сомонӣ амалӣ гашт.

Тавре иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғохон Кишвар Абдуаламшоев иттилоъ дод, бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» як қатор барномаро тарҳрезӣ карда, амалӣ гардониданд. Барои мисол, дар ноҳияҳои дурдасти ВМКБ ҷиҳати муҳайё кардани шароит ва ҷалби сайёҳон, дастгирии ҳунармандон, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёд анҷом дода шуд.

Тавассути пешниҳоди грантҳои хурд таъмир ва барқарор намудани иншооте, ки барои сайёҳон таваҷҷуҳбарангезанд, амалӣ гашт. Ассотсиатсияи сайёҳӣ, эко — фарҳангии Помир (АСЭФП) дастгирӣ ёфт. Дар маҷмӯъ, дар ВМКБ 20 зерлоиҳа оид ба ҳифз, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумиашон 288 ҳазору 879 сомонӣ мебошад. Ҳамчунин, барои таъмир ва барқарор намудани иншооти ҷолиби сайёҳӣ 244 ҳазору 235 сомонӣ масраф гардид.

Тавре дар Паёми Президенти мамлакат қайд шуд, ба шарофати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд. Пешвои миллат дастур доданд, ки барои рушди инфрасох­тори соҳа дар кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд ва пешниҳод карданд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ­эълон гарданд.

- Иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ мепазирем ва ният дорем, ки саҳмгузориро барои амалӣ гаштани аҳдофи созанда дар оянда тавсеа бахшем, — гуфт Кишвар Абдуаламшоев.

М. МИРСАИДОВ, мушовири Фонди Тоҷикистонии Оғохон,

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»