Сармояи инсонӣ омили рушди иҷтимоӣ — иқтисодӣ мебошад

№120 (4070) 08.10.2019

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди сармояи инсонӣ: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» баргузор гардид.

Муовини директори марказ Парвиз Муҳаммадзода зикр кард, ки сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад ва таъмини он дар пешрафти соҳаҳо аҳамияти хос дорад. Он дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушди минбаъдаи иқтисодиёт ҷойи аввалро ишғол менамояд, аз ин рӯ, ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Барои тақвият бахшидани сифати рушди сармояи инсонӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар иҷрои барномаҳои давлатӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зарур мебошад.

Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдураҳмон Қурбонов вобаста ба нақши илму маориф дар ташаккули сармояи инсонӣ иброз дошт, ки дар марҳилаи иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа пешрафту рақобатпазирии кишварҳо маҳз аз ташкили дурус­ти фаъолияти соҳа вобастагӣ дорад.

- Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, маблағгузории соҳа сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Ҳоло он 6 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Бо мақсади рушди бомароми соҳа ва мутобиқ намудани он ба замон аз ҷониби Ҳукумати кишвар як силсила ҳуҷҷатҳои расмӣ қабул гардиданд, ки иҷрои саривақтии онҳо метавонад барои амалӣ гардидани ҳадафҳои пешбинишуда мусоидат намояд. Масалан, дар самти гузаронидани ислоҳоти низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, беҳсозии сифати таълим, таъмини мактабҳо бо компютер ва технологияи муосир, «Барномаи давлатии компютери­кунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ» барои ду давра қабул гардид. Тибқи он, мактаб­ҳои шаҳру ноҳияҳо 90 дарсад бо компютер таъмин карда шуданд, — зикр кард А. Қурбонов.

Номбурда афзуд, ки соҳаи илму маорифро чун омили муҳими рушди ҷомеа бояд бештар дастгирӣ кард. Зеро, ҷаҳон бо равандҳои ҷаҳонишавӣ рақобати давлату миллатҳоро дар фазои сиёсию фарҳангӣ боз ҳам шадидтар месозад ва дар ин рақобат, бешубҳа, афзалият ба ҷониби давлату миллатест, ки шаҳрвандонаш ташаккулёфта ва дорои тафаккури пешқадами илмию техникӣ мебошанд.

Мудири шуъбаи илмҳои назариявии Академияи илмҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилҷон Неъматзода дар мавзӯи «Соҳаи тандурустӣ — воситаи асосии рушди сармояи инсонӣ» суханронӣ кард.

- Сармояи инсонӣ маҷмӯи нишондиҳандаҳои зеҳнӣ, дониш, солимӣ, самаранокии меҳнат ва сифати зиндагӣ ба ҳисоб рафта, омили муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҳар кишвар мебошад. Мувофиқи омори Бонки ҷаҳонӣ, дар кишварҳои ба иқтисоди бозорӣ гузаранда, ки Тоҷикистон низ ба ин гурӯҳ шомил аст, 64 дарсади рушди иқтисодӣ аз сармояи инсонӣ таъмин карда мешавад. Сармояи инсонӣ аз се шакл — сармояи маърифатӣ, маданӣ ва тандурустӣ иборат аст. Тибқи Стратегияи миллии рушд, вазифаҳои асосии бахши тандурустӣ дар рушди сармояи инсонӣ пешбурди фарогири баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, барқарорсозии саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи солимии аҳолӣ, дарозумрӣ ва некуаҳволӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ба ҳайси кишвари рушдкунанда на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, балки дар соҳаи захираи инсонӣ низ рӯ ба инкишоф аст. Масалан, дарозумрии аҳолӣ аз 68 то 74 сол боло рафт, ки гувоҳи самаранок будани хизматрасонии тиббӣ ба сармояи инсонӣ ва нигоҳдории солимӣ мебошад, — зикр кард ӯ.

Дар анҷом миёни бархе аз иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 Р. УМАР,

«Садои мардум»