Шаҳри Турсунзода. Бенизомӣ дар бозори марказӣ -2

№138 (4244) 10.11.2020

dav29-юми июни соли ҷорӣ дар шумораи рақами 74 (4180)-и рӯзномаи «Садои мардум», зери сарлавҳаи «Шаҳри Турсунзода. Бенизомӣ дар бозори марказӣ» гузориши интиқодӣ нашр шуда буд. 

Аз интишори матлаб беш аз чор моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, мутаассифона, масъулон хилофи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2009 таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилию танқидӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» амал намуда, вокуниш накарданд.  Биноан, бозгашт ба мавзӯъро зарур донистем.

«Ковид-19» ҷаҳонро ба ташвиш оварда тавонист, вале масъулони бозори Турсунзодаро не. Палоси хлордор ё ба истилоҳ, «дезбарйер»-и дар даромадгоҳи бозор гузошташуда, моҳҳост, ки хлорро надидааст. Он ба латтапораи фарсудаю ифлос табдил гашта,  ғайр аз пешпоӣ додани одамон, дигар ягон нақшро намебозад. Ниқобпӯшӣ дар ин макон «айб» аст. Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус дар шаҳр куҷоро назорат мекарда бошад?

Салатфурӯшону дӯғфурӯшони бозори фавқ, зимни ба савдо баровардани маҳсулот, қоидаҳои санитариро риоя накарда, рӯйи онҳоро бо матои муҳофизатӣ намепӯшонанд. Ин вазъиятро дар матлаби қаблӣ низ инъикос карда будем. Ҳар рӯз садҳо нафар аз назди онҳо мегузаранд.  Яке сулфа мезанаду дигаре атса. Аз зарби пой ва рафтуои мунтазами аробаҳо хоку чанг ба боло хеста, рӯи хӯришҳо менишинад.

Фасли боришот ҳам фаро расид, аммо роҳи пур аз сангу хоки қисмати оҳангарони бозор то ҳанӯз таъмир нашудааст. Поёнтар аз он — байни бозори яклухтфурӯшон ва бозори давлатӣ, қубури обгузар корношоям шуда, обаш ба рӯйи роҳ мебарояд. Мизоҷону роҳгузарон бошанд, бо душворӣ аз даруни сангу обу лой мегузаранд. Ин манзара басо ҳузнангез мебошад. Қариб сол мешавад, ки ин проблема ҷой дорад, аммо мутасаддиён нисбат ба  он хунукназарию беэътиноӣ мекунанд.

Набиҷон Умаров, раиси Раёсати ҷамъияти матлубот дар шаҳри Турсунзода, чор моҳ қабл гуфта буд, ки баъди ду моҳ ин камбудиҳоро бартараф мекунанд. Воқеан, роҳи даромади бозорро васеъ карданд, аммо дар байни роҳ гурӯҳи тоҷирони дар аробаҳо либосфурӯшро дар як саф ҷой додаанд. Ғайр аз ин, тақрибан дар масоҳати 60-70 метр соябон сохтаанд, дигар камбудиҳо бошад, ҳалношуда мондаанд. Ин дафъа масъулон чӣ гуна мавзӯъро қазоват мекарда бошанд?

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»