Шукуфоии Тоҷикистон ва ғаши нотавонбинон

№142 (4248) 24.11.2020

Созмони муътабари  британии «Legatum Institute» имсол низ рейтинги кишварҳои олам дар робита ба шукуфоиро доир кард. Бояд боис ба ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад, ки ин навбат ҳам дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд. Ба ибораи дигар, ташкилоти зикршуда эътироф кард, ки «Тоҷикистон дар 10 соли охир шукуфотар шудааст».

Дар раддабандии нав, ки 16-уми ноябр нашр шуд, аз ҷониби пажӯҳишгоҳ арзанда будани кишвари мо  ба мақоми 112-ум эътироф гардид, ки нисбат ба даҳ соли пеш ҳашт зина боло аст.

Ёдовар мешавем, ки ду сол пеш дар ин рейтинг вобаста ба бахшҳои амният ва маориф кишвари мо дар ҷойи 100-ум қарор дошт. Аз рӯи нишондиҳандаҳои маҷмӯӣ Тоҷикистон зинаи 102-юмро соҳиб гардид.  Гуфтан бамаврид аст, ки Федератсияи Россия дар ҷои 101, Қазоқистон — 72, Қирғизистон — 82 ва Беларус  зинаи 95 — умро соҳиб шуданд. Соли гузашта аз лиҳози нишондиҳандаҳо дар бахшҳои амният ва маориф ба кишвари мо мутаносибан ҷойҳои 49 ва 54-умро сазовор донистанд.

Соли гузашта дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «Social Progress Imperative» (ИМА), Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии пешрафти иҷтимоӣ  (Social Progress Index, SPI) аз 100 холи  имконпазир 58,87 хол гирифта, ҷойи 92-юмро ишғол кард ва нисбат ба кишварҳои калони Осиё, ба мисли Ҳиндустон (ҷойи 93-юм, 58,39 хол), Бангладеш (ҷойи 97-ум, 54,84 хол), Покистон (ҷойи 105-ум, 51,54 хол), Яман (ҷойи 122-юм, 43,46 хол) пешсаф буд.

Муҳимияти дигар он аст, ки индекси мазкур дар баробари омилҳои иқтисодӣ, ҳамчунин, ҷанбаҳои иҷтимоию экологӣ, аз қабили маориф, тиб, ҳифзи муҳити зист, таҳаммулгароӣ нисбат ба ақаллиятҳоро низ  фарогир мебошад.

Илова бар ин, аз ҷониби созмонҳои бонуфуз шаҳри Душанбе яке аз амнтарин  шаҳрҳои сайёра  эътироф гардида, дар  рейтинги рақобатпазирии глобалӣ  низ  Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми қобили таваҷҷуҳро соҳиб гардида буд.

Дар раддабандии мазкур, ки соли қабл  аз тарафи «Форуми байналмилалии иқтисодӣ»  дар миёни 137 кишвари олам баргузор шуд, кишвари мо дар зинаи 70-ум қарор гирифт. Барои қиёс зарур аст зикр кунем, ки ба Қазоқистон ва  Қирғизистон  мутаносибан ҷойҳои 115 ва  122-юмро сазовор дониста буданд.

Тибқи «анъана», ин дастовард ғаши нотавонбинонро оварду шурӯъ карданд ба сафсатапароканӣ.  Онҳо «иддао» намуданд, ки «гузоришҳои бархе аз чунин пажӯҳишгоҳҳо бар пояи омори расмӣ таҳия шуда, бозгӯи воқеият нест». Инчунин, «далел» овардаанд, ки «ин гуна раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ бар асоси омори расмӣ, ки мақомоти Тоҷикистон нашр мекунанд, таҳия мешавад ва, аз ин рӯ, воқеияти кишварро баён намекунанд».

Ин «аллома»-ҳо нодида гирифтанд, ки эътирофи чунин созмонҳо  омили саҳлу сода набуда, далели эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дурнамои неки ин ё он мамлакат маҳсуб мешавад. Наандешиданд, ки бо кадом сабаб аз «хулоса»-и баъзе аз созмонҳои  хориҷӣ, ки бар зидди кишвари мост,  истиқбол ва онро филфавр расонаӣ мекунанду  дар ин маврид не?

Посухи Фредерика Арровсвитз — масъули бахши робита бо ҷомеаи «Legatum Institute» «тарбуз»-и ин тоифаро «аз бағал афтонд». Номбурда ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки «раддабандӣ бар асоси 12 нишондод таҳия шудааст ва муҳаққиқон мизони шукуфоӣ ва ё пешрафти кишварҳоро баҳогузорӣ кардаанд».

Суханони Фредерика Арровсвитз далели бебаҳси он аст,  ки дар ҷаҳони муосир  таҳияи рейтингҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз падидаи маъмул буда, дар ин раванд, ки қиёс ҷанбаи меҳварист, беҳтаринҳо муайян ва баҳогузорӣ мешаванд.

Муҳимтар аз ҳама, хулосаи ин ташкилотҳо  мунсифона буда, дар заминаи омӯзиши амиқу ҳамаҷониба рӯи кор меояд. На ба ҳама мамлакатҳо  имкон даст медиҳад, ки дар рейтингҳо комёб гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархӯрдор гарданд.

Баъд аз ин посухи масъули «Legatum Institute»  «коршиносон»-и зикршуда чӣ гуна вокуниш нишон медода бошанд?

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»