Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№16 (3496) 06.02.2016

36-Хисор (4)(Идома азшумораи гузашта)

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 — солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия биноҳои муосири кохи фарҳанг, осорхонаву китобхонаи ноҳиявӣ ва мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод. Ин биноҳои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000 — солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтаанд. Қомат афрохтани биноҳои муосири  кохи фарҳанг, осорхонаву китобхона, фаввораҳои зебо ва даҳҳо иншооти дигар ба симои маркази ноҳияи Ҳисор ҳусни тоза зам кард ва ин натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои насли оянда муҳайё кардааст.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии овозадори «Корпоратсияи Баракат» аз наздик шинос шуд. Тавре маълум гардид, ин хоҷагӣ серсоҳа буда, дар масъалаи парвариши чорво низ дар ҷумҳурӣ пешсаф аст. Танҳо аз ҳамин хоҷагӣ рӯзҳои охир беш аз 5000 тонна ангур содирот шудааст. Дар ин хоҷагӣҳашт намуд ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад. Дарахтони сербори себ аз фаровонии ҳосили ин навъи мевагӣ дар хоҷагӣ дарак медоданд. Президенти мамлакат ба фаъолияти боғдорон, ки ҳамзамон ба хушк кардани себ машғул буданд, баҳои баланд дода, ба онҳо барори кор ва файзу баракат орзу кард. Дар қитъаи дигари заминҳои хоҷагӣ ба Сарвари давлат яке аз навъҳои беҳтарини ангури ҳусайнӣ пешкаш карда шуд.

25 сентябр дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 122 нафар сарбоз ва шаҳрвандро, ки хизмати содиқона ва ҷонфидоӣ кардаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла Ордени «Спитамен» дараҷаҳои 1 ва 2, Ордени «Шараф», медали «Ҷасорат», рутбаҳои навбатӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 то 21 октябр бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт.

Сафари кории Президенти мамлакат дар вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Дар он ҷо Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи назди пайкараи Нақибхон Туғрал маҷмааи таърихӣ — фарҳангии ин шоири маъруфи тоҷикро, ки ба ифтихори 150 — солагии ӯ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд. Дар маркази ноҳия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои қасри фарҳангро кушод.

Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва мардуми ноҳияи Айнӣ мулоқоти судманд орост. Сарвари давлат бунёду ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, қасри фарҳанг ва роҳи Айнӣ — Панҷакентро ба сокинон муборакбод гуфта, мавриди баҳрабардорӣқарор додани онҳоро туҳфаи арзандаи роҳбарияти Давлат ба мардуми водии Зарафшон барои дастгирии амиқ аз сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

(Давом дорад)

АбдуфаттоҳШарифзода, ЗаробиддинҚосимӣ, Айниддин Самариддин