Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ

№43 (3837) 07.04.2018

563A921527 марти соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар бо иштироки масъ­улини Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва як қатор вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук аз ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки мақсад аз ҳамоиш мукаммал намудани Стратегияи ҳамкорӣ бо дарназардошти самтҳои муҳими иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо истифода аз захираҳои мавҷуда баҳри татбиқи минбаъдаи самаранок дар доираи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян- Петер Олтерс лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти самтҳои барои кишвар афзалиятнок муаррифӣ намуд. Ӯ оид ба имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар натиҷаи интегратсияи минтақавӣ ва шароити муосид барои татбиқи ислоҳот, истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли маҳсулот ва саноат, рушди сайёҳӣ, истифода аз бозорҳои калони наздисарҳадӣ ҳарф зада, ташхиси маҷмӯии тадқиқоти кишвар ва  Машварат оид ба Стратегияи ҳамкорӣ бо кишварро бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла суботи молиявӣ, ислоҳоти низоми бонкӣ ва сиёсати фискалӣ, институтҳои самарабахши давлатӣ, фазои мусоиди корӣ, шаффофият, хизматрасонӣ ва маълумотҳои оморӣ,  инфрасохтори стратегӣ ва сармояи инсониро, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳия намудаанд, муаррифӣ кард.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифинома дар мавзӯи «Дурнамои бахши молиявӣ барои солҳои 2019-2023»-ро манзур гардонид, ки дар он оид ба раванди татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ва асъорӣ, вазъи молиявии низоми бонкӣ ва фаъолияти низоми пардохти мамлакат, аз он ҷумла, оид ба натиҷаҳои чораҳои андешидашуда дар самти  ислоҳоти соҳа ва имкониятҳо  аз рӯи амалисозии нақшаҳои минбаъда дар давраи то соли 2023 қайд шуд.

Ҳамчунин, Ҷамолиддин Нуралиев дар хусуси таҳким бахшидани механизми татбиқи сиёсати монетарӣ тавассути ҷорӣ намудани воситаҳои муосир, таъмини сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда, гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо мақсади тақвияти муносибатҳои муросилотӣ, мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба низоми бонкӣ, таъмини шароити мусоид барои иҷрои нишондиҳандаҳои асосии барномаҳои давлатии рушди иқтисоди миллӣ, таъмини дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, этикаи бонкдорӣ, тартибу қоидаҳои анҷомдиҳии амалиётҳои бонкӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони низоми бонкӣ, махсус дар самти идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ таҳлили ҳамаҷонибаро манзури ҳозирин гардонид.

Ҷамолиддин Нуралиев, инчунин, дар хусуси таъмини ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолӣ, таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон, сари вақт анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ ва вусъат бахшидани пардохти ғайринақдӣ маълумот дод. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда номбурда изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ ба ҳайси як институти бонуфузи байналмилалӣ метавонад ҳамчун замина барои ҷалби институтҳои молиявии байналмилалӣ (донорҳо) ва рушди  сармоягузорӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ  намояд.

Муаррифиномаи муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев  аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян — Петер Олтерс хуш пазируфта шуд. Ян — Петер Олтерс изҳор дошт, ки вобаста ба масъалаҳои зикршуда имкон аст лоиҳаҳои якҷояи алоҳида таҳия ва мавриди баррасӣ қарор дода шаванд, ки аз тавсеа ёфтани ҳамкориҳои муштараки судманд дар оянда дарак медиҳанд.

Дар машварат оид ба баррасии лоиҳаи Стратегияи ҳамкорӣ бо кишвар вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба «Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва мақсади асосии он, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода оид ба «Нақши бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувор», инчунин роҳбари лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева, намояндагони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Сусанна Хайрапетян, Пол Волний,  Ҳасан Алиев оид ба сармоягузорӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои интегратсионии минтақавӣ, рушди босамар ва саҳми институтҳои муосир ибрози андеша намуданд.

Дар ҷамъбаст  намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикис­тон Ян-Петер Олтерс изҳор дошт, ки баъди таҳияи лоиҳаи ниҳоии Стратегияи ҳамкорӣ ва баррасии якҷояи ҷамъбастӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ он барои баррасӣ ва тасдиқ ба Дафтари асосии Бонки ҷаҳонӣ манзур мегардад.

Шуъбаи матбуоти БМТ