Суғд. Ноҳияи Спитамен дар ҷамъоварии пилла пешсаф мебошад

№64 (4014) 04.06.2019

1Соли равон кирмакпарварони вилояти Суғд аҳд карданд, ки аз 10 ҳазору 550 қуттӣ 403 тонна пиллаи хушсифат рӯёнанд. Бино ба иттилои сардори Идораи абрешимчигии вилоят Парвиз Бекматов, то ҳол ба нуқтаҳои қабул 207 тонна ашёи хоми пурқимати саноатӣ супорида шудааст ва ҳар рӯз зиёда аз 12 тонна пилла қабул карда мешавад.

- Ин ҳадди ниҳоӣ нест, — мегӯяд Парвиз Бекматов. — Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара ва ба номи Б. Ғафуров низ ба ҷамъоварии пилла оғоз карданд, ки ба вусъати кор мусоидат хоҳад кард.

Соли равон тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳбуд бахшидани соҳа тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Афзун шудани маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарасти соҳа дар вилояти Суғд- ҶДММ «ВТ — Силк» яке аз онҳо буда, нархи ҳар як кило пиллаи хом 10 сомонӣ муқаррар шудааст. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 7 сомонӣ буд.

Ба гуфти ҳамсуҳбатамон, соли 2017 бо ширкати «Ганҷ» ба муддати 10 сол шартнома баста шуд, ки тибқи он, бояд барои рушди соҳа маблағгузорӣ тавсеа пайдо намояд. Баҳори имсол аллакай 600 ҳазор бех ниҳоли тут аз ҷануби кишвар оварда, шинонида шуд.

Дар вилоят ноҳияи Спитамен пешқадам аст. Дар он 61,2 тонна (73 фоизи нақша) пилла ҷамъоварӣ шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Конибодому Ашт низ нақша мутаносибан 72 ва 73 фисад иҷро шудааст.

Зимни суҳбат директори генералии ҶСК «Пиллаи Спитамен» Усмон Калонзода изҳор дошт, ки соли равон ба 1910 оилаи кирмакпарвар 2 ҳазору 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд.

Кирмакпарварони пешқадам Ойдиной Ашӯралиева аз 1 қуттӣ 59 кило, Дилшод Дадобоев — 65,4, Малика Шукуралиева 130 кило ашёи пурқимати саноатӣ рӯёниданд.

Нишондиҳандаи баланд дар АИО «Зарзамин» (101,2 фоиз), АИО «Тоҷикистон» (91 фоиз) ва АИО «Саидқурғон» (89 фоиз) ба даст омад. Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз ба нуқтаҳои қабул 11 тонна дастранҷи кирмакпарварон супорида мешавад.

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»