Таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Хитой

№116 (3910) 25.09.2018

Чанде пеш дар толори меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши доираи соҳибкорони Тоҷикистону шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид.

Дар он вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин, раиси шаҳри Синдао Менг Фанли, ҳамчунин, намояндагони шуъбаҳои гуногуни тиҷорати Синдао иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузор кардани чорабинии мазкур рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, шарикони ҳамкор, дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо соҳибкорони хориҷӣ маънидод гардид.

Дар хотима Меморандум оид ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Идораи тиҷоратии шаҳри Синдао ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»