Таъсири ВНМО ба генофонди миллӣ мерасад

№ 25.11.2018

 сТОПЧанде пеш Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шаҳрванд А.А. дидаву дониста шаҳрванд Б.А.- ро бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (СПИД) сироят намудааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам», шаҳрванд А.А.  ба бемории ВНМО гирифтор буда, уҳдадории хаттии ӯ бо имзояш дар хусуси риояи талаботи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гирифта шуда буд. Аммо вай уҳдадории хаттии зикршудаи худро риоя накарда, шахси солими дигарро гирифтори ВНМО гардонид. Бо ҳукми суд шаҳрванд А.А. бо моддаи 125 қисми 2 гунаҳкор эълон гардида, ӯ ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ҳодисаи мазкур дар соли ҷорӣ нахустин нест. Қаблан  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки марди 31- солаи сокини шаҳри Душанбе бо вуҷуди гирифтор будан ба бемории ВНМО бо зани 30- солаи сокини шаҳри Душанбе алоқаи ҷинсӣ намуда, номбурдаро гирифтори ВНМО гардонидааст.

Моҳи августи соли ҷорӣ бошад, Суди ноҳияи Шаҳритус занеро барои ба вируси СПИД гирифтор намудани  чанд мард ба як соли зиндон маҳкум карда буд.

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 42 миллион нафар гирифтори ВНМО гардидаанд. Омилҳои асосии мусоидаткунандаи рушди ВНМО дар бисёр кишварҳо камбизоатӣ, бекорӣ, афзоиши шумораи истеъмолкунандагони маводи нашъаовар занони сабукпо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ноогоҳӣ аз роҳҳои сирояти беморӣ ва усулҳои пешгирии ВНМО мебошанд.

- Яке аз хусусиятҳои ВНМО он аст, ки пас аз  марҳилаи сироятёбӣ дар бемор чанд муддат  нишонаҳои худро зоҳир намекунад,- гуфт вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Агар шахси сироятёфта аз ташхис нагузараду ба мутахассис муроҷиат накунад, метавонад ба чанд нафари дигар бемориро гузаронад. Пайдошавии  нишонаҳои ВНМО аз системаи масунияти шахси сироятёфта вобастагӣ дорад. Дар ашхосе, ки неруи  муҳофизатии ҷисмашон заиф аст, нишонаҳои беморӣ зудтар  намоён мегардад. Агар  масунияти ӯ пурқувват бошад, аломатҳои клиникии беморӣ метавонад 8- 10 сол зоҳир нашавад.

Вақте вируси беморӣ ба шахси солим сироят намуд, чанд муддат аз худ дарак намедиҳад, вале «амалиёти харобкорона»- ашро оғоз мекунад. Нишонаҳои сирояти шадиди ВИЧ бо нишонаҳои баъзе бемориҳо монанд аст: баландшавии таб, дарди гулӯ, дарди шикам, дилбеҳузурӣ. Давраи зоҳиршавии аломати беморӣ аз якчанд рӯз то якуним моҳ тӯл мекашад. Ҳар қадар он тӯлонитар бошад, ҳамон андоза ҳолати беморро вазнинтар мегардонад. Сипас гӯё ҳоли бемор хуб  мешавад, вале вирус ҳуҷайраҳои системаи  масуният, (асосан СД4- лимфотситҳо)- ро вайрон кардан мегирад. Вақте теъдоди ҳуҷайраҳо то сатҳи критикӣ (200 ҳуҷайра дар 1 милилитр хун) расид, нишонаҳои норасоии масуният кам – кам аён мегардад. Яъне, дар бемор кандидози даҳон, баландшавии таб, якбора аз даст додани вазн, зуд- зуд рӯй додани бемориҳои шадиди роҳи нафас ва герпес мушоҳида мешавад. Агар аз ҳамин лаҳза бемор табобати заруриро нагирад, сироят идома ёфта, марҳилаи охирин — СПИД фаро мерасад. Зимни фарорасии он барои бемор дилхоҳ касалиҳои сироятиву саратонӣ ба монанди сил, пневмония, токсоплазмози мағзи сар ва ғайра метавонанд охирин бошанд…

Агар бемор саривақт ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО-и шаҳр ё ноҳияаш муроҷиат карда,  табобати зиддиретровирусӣ гирад, метавонад солҳои зиёд кору зиндагӣ кунад. Дар сурати пурра риоя кардани дастури табибон ва риояи ҳатмии реҷаи истеъмоли доруҳо самаранокии табобат 90 фоиз хоҳад буд.

Ба оғӯш гирифтану бӯсидан, аз пиёлаву косаи бемори гирифтори ВНМО истифода бурдан  хатарнок нест. Беморро дилбардорӣ карда, ба ӯ гирифтани муолиҷаи ҳатмиро тавсия бояд дод.

Баъзеҳо гумон мекунанд, ки мубориза бо ВНМО танҳо вазифаи мақомоти тандурустӣ аст. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин хусус чунин гуфт:- Таъсири манфии афзоиши сироятёбӣ ба ВНМО ба оилаву ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад. Аз ин рӯ баҳри пешгирии он мусоидати тамоми сохтори давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаҳои тандурустӣ, маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти қудратӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур аст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»