То ба кай хориҷиҳо барои мо роҳ месозанд?

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

 Дар хатсайри маҳаллаҳои Ҷомӣ ва Синои шаҳри Кӯлоб ба мусофиркашӣ машғулам. Бинобар таъмирталаб будани роҳ пули бадастоварда аксар барои таъмири автомобил сарф мешавад. Масалан, роҳи маҳаллаи Борбад, ки Беморхонаи вилоятӣ ва Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб он ҷо воқеъ аст, бисёр хароб аст, — гила кард ронандаи таксӣ М. Шодиев.  

Роҳгузарон низ шикоят аз он доранд, ки ҳангоми гузаштан аз роҳҳои пиёдагард шоҳиди тамбашавии нақлиёт ва доду ҳақорати ронандагон мегарданд. Ҳар сол дар маҳаллаи зикршуда садҳо садамаи нақлиётӣ рух медиҳад. Роҳи мошингарди дохили шаҳр низ ҳоли табоҳ дорад, дар ҳоле ки масъулин ҷор мезананд, ки пурра аз таъмир бароварда шудааст. Директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб» Раҳим Ғуломов ҳолати ҷойдоштаро чунин шарҳ дод: «Дар тавозуни муассиса 18 км роҳҳои байналмилалӣ, 26,1 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 179,3 км роҳҳои маҳаллӣ қарор доранд. Айни ҳол 191,5 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ таъмири ҷорӣ шудаанд. Маблағ­гузории яксола 195 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки барои пурра таъмир намудани роҳҳо басанда нест. Роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат мувофиқи нақша таъмир мешаванд. Дар муассиса 43 корманд фаъолият дошта, барои фасли зимистон ҳаҷми кофии маводи зиддилағжиш захира шудааст. Дар анбор 5 тонна намак ва 5 куб ҳезум мавҷуд буда, муассиса дорои 12 техника мебошад, ки 2 ададаш корношоям аст.

Дар мавриди таъмирталаб будани роҳҳои минтақаи Кӯлоб Муродалӣ Хомушов — сармуҳандиси «МДИХРА»-и минтақавӣ чунин илова кард:

- Дар 10 минтақаи Кӯлоб муассисаҳои зертобеъ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 450 км  роҳҳо аз таъмир бароварда, барои ин аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат 5 млн. 313 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Мутаассифона, дар ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ, Фархор барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо нагардидааст. Ин мушкил дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба чашм мерасад.

Дар робита ба ин мавзӯъ суоли матраҳ ин аст, ки то кай хориҷиҳо барои мо роҳ месозанд? Муассисаҳои зиёд дар шаҳру навоҳии кишвар фаъолият намудаву барои нигоҳубини роҳҳо муваззафанд ва миллионҳо сомонӣ аз буҷети мамлакат дастрас менамоянду таъмири роҳҳо бар дӯши хориҷиҳост. Магар идораҳои дахлдори роҳсозии шаҳру навоҳии мамлакат аз уҳдаи таъмиру тармими роҳҳо намебароянд?

 Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор