Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Дурнамои равобити иқтисодӣ нек аст

№109 (3903) 06.09.2018

44044547272_0fe08b511a_oРобитаи иқтисодии тоҷикону ӯзбекон таърихи қадима дорад. Ҳанӯз замонҳои пеш ин ду халқият масъалаҳои иқтисодиро якҷоя пеш мебурданд. Дар замони шӯравӣ низ муносибатҳои иқтисодии ду давлат ба ҳам вобастагӣ дошт. Масалан, агар маъдане аз конҳои Тоҷикистон истихроҷ мешуд, пас корхонаи коркарди он дар Ӯзбекис­тон фаъолият мекард. Вилояти Суғди Тоҷикистон бо неруи барқи Ӯзбекистон ва қисмати ҷануби Ӯзбекистон бо барқи Тоҷикистон таъмин буд.

Солҳои охир муносибатҳои иқтисодӣ дар дараҷаи ниҳоят паст қарор дошт. Хушбахтона, бо иродаи шикастнопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Дар як муддати кӯтоҳ монеаҳои сунъӣ бартараф гардида, мубодилаи молу маҳсулот байни ду давлат аз 12 миллион доллари соли 2015 то 126 миллион доллар дар соли 2017 боло рафт. Бино бар маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-июли соли равон гардиши савдо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 161,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91,7 миллион доллар зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда ба маблағи 93,8 миллион доллари ИМА аз Тоҷикистон молу маҳсулот содирот шуда, ба маблағи 67,4 миллион доллар аз Ӯзбекистон ба Тоҷикис­тон воридот шудааст. Дар маҷмӯъ, ҳиссаи Ӯзбекис­тон дар ҳаҷми асосии содироти Тоҷикистон 12,9 дарсад ва дар воридот 3,3 дарсади савдои хориҷии кишварро ташкил додааст.

17 апрели соли 2017 дар маркази савдои «Меҳргон» 160 ширкати Ӯзбекистон маҳсулоти гуногуни саноатӣ, аз ҷумла автомобилҳои сабукрав, боркаш, техникаи соҳаи кишоварзӣ, автобусҳо, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, нассоҷӣ, электротехника, атриёт, мебел, мотосиклҳои боркаши сечарха, ноқил, лифт, сантехника, маҳсулоти чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, трансформаторҳо, дастгоҳҳои электрикӣ, тахтаҳои алюминий, маҳсулоти пластмассӣ, қубурҳои полипропиленӣ, техникаҳои махсус, либос, пойафзол, палос, курпаҳо, таҷҳизоти омӯзишӣ ва лабораторӣ ва ғайраро ба намоиш гузоштанд. Доир ба ин масъала аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иттилоъ доданд, ки мубодилаи иттилоот миёни палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ҷумҳурии Ӯзбекис­тон доимӣ буда, ин маълумот баргузории намоишгоҳҳо, бизнес — форумҳо, семинарҳо, пешниҳодҳои тиҷоратӣ оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар соҳаи техника ва технологияҳои нав, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди мошинсозӣ, автомашинаҳои тамғаҳои гуногун, саноати хӯрокворӣ, тиҷорат, қолинбофӣ, коркарди метал, сангҳои қиматбаҳо, металлургияи кӯҳӣ, нефту газ, таҷҳизоти тиббӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки 9-17 марти соли 2018 дар МД «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 80 ширкат аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд. Аз намоишгоҳ роҳбарони ду давлат — муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода будем, 16 августи соли равон дар шаҳри Тошканд Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар анҷоми он 11 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Он ҳамоиши панҷуми соҳибкорони тоҷику ӯзбек буд, ки соли ҷорӣ баргузор шуд. Дар доираи баргузории чунин чорабиниҳо, дар маҷмӯъ, зиёда аз 200 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 845 миллион доллари ИМА ба имзо расидааст.

17 августи соли равон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 60 корхонаи азими саноатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз қабили ширкатҳои «Талко гурӯҳ», «Фароз», ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Ғаюр семент», «Моҳир семент», «Қолинҳои Қайроққум», ҷамъиятҳои саҳомии пӯшидаи «Шири Душанбе», «Оби зулол», Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишт» ва дигар корхонаҳо маҳсулоти хешро ба маъраз гузоштанд. Роҳбарони Тоҷикис­тону Ӯзбекистон — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо намуданд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат, захираҳои об, дорусозӣ ва тандурус­тӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва дастранҷи ҳунармандони мардумӣ низ муаррифӣ карда шуд.

Омили мазкур далели он аст, ки равобити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дурнамои нек доранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»