Ванҷ. Хавфи аз байн рафтани деҳа бинобар беобӣ

№131 (4237) 24.10.2020

2222Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон соли равон дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ чунин таъкид намуданд:

«Дар ноҳияи Ванҷ захираи калони заминҳои азхуднашуда мавҷуд аст. Аз ин лиҳоз, мутасаддиёни соҳаро зарур аст, ки ҳамасола дар ноҳия то 100 гектар заминро аз худ намуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд. Ин имконият фароҳам меорад, ки дар ноҳия боғоти нав бунёд гардида, соҳаи кишоварзӣ бештар рушд намояд».

Деҳаи Одешт дар ноҳияи Ванҷ  калонтарин ба шумор меравад. Он аз маркази ноҳия 4 км дур буда,  75  хонавода дорад. Шуғли бошандагони он асосан кишоварзист, аммо аз соли 2010 бинобар беобӣ дар гармои тобистон ҳосили  замину боғот нобуд мегардад.

1111Раиси маҳаллаи деҳаи номбурда Мурод Бояков иброз дошт, ки беобии сахт аз соли 2010 ба мушоҳида мерасад. Соли 2010 дар  ноҳия заминҷунбии сахт рӯй дод, ки ба хоҷагии халқ хисороти зиёд овард. Чашмаи сари деҳа аз ҳамон сол хушк гардид. Агар додрасе пайдо нагардад, имконияти зиндагӣ дар деҳа мушкилтар мегардад.

М. Бояков бастаи калони ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуд, ки ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва  дигар вазорату идораҳои дахлдор мансубият доранд. Посух ба мактубҳо як аст: «Бо дарёфти маблағ муроҷиати шумо баррасӣ мегардад».

Тибқи иттилои мутасаддиён, аз дарёчаи Бунай имконияти ба деҳа об овардан мавҷуд аст. Масофаи он 7 километр буда, барои обёрии 100 гектар замин мусоидат менамояд.

Илова бар ин, имконият фароҳам мегардад, ки замини бекорхобидаи деҳаи Бовуд, ки дар поёни деҳаи Одешт ҷойгир аст, ба гардиши кишоварзӣ ворид шавад.

Мардум умед доранд, ки мутасаддиён дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро, ки дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳия иброз доштанд, иҷро хоҳанд кард.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»