ВМКБ — сарчашмаи оби тоза

№77(3378) 06.06.2015

сарезОб ганҷи  бебаҳо  ва  дар  қиёс  бо  дигар  боигариҳои табиат беназир аст. Ин неъмати пурарзишро аз қадим то ба имрӯз васф намудаву бобати поку беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзу истифодаи сариштакоронаи он, бузургони давр ба ояндагон маслиҳату насиҳатҳои пурмаъноро ба мерос мондаанд. Бо  ташаббуси  бевоситаи  Ҷаноби  Олӣ  Эмомалӣ  Раҳмон   соли  2003 -  «Соли  байналмилалии оби  тоза»,  солҳои  2005 — 2015   Даҳсолаи  байналмилалии амалиёти  «Об — барои ҳаёт» эълон гардиданд. Ин пешниҳодоти Роҳбари хирадсолори мо,  ки  аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  эътироф  гардиданд, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам устувору қавӣ намуд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки иқлими ба худ хосро дорост, манбаи оби тоза мебошад.

Федченко  калонтарин    пиряхи   Осиёи  Марказӣ  маҳсуб  ёфта,   дар  ВМКБ  воқеъ  аст. Дарозии  он 77 км, паҳноиаш аз 1700 то 3100 метрро дар бар гирифта, аз нишебии  шимоли  қаторкӯҳҳои Язгулом ибтидо меёбад. Пирях  шохаҳои зиёд дорад. Нуқтаи баландтарини пирях 4200 метр муайян шудааст. Қисми миёнаи пирях дар як шабонарӯз бо суръати 70 — 75 см ҳаракат  мекунад.  Аз  зери  пирях  дарёи  Селдара ҷорист. Ҷоришавии  оби  он  дар  фасли   тобистон ба 300 м3 сония мерасад. Умуман, ВМКБ дорои ҳашт пирях мебошад, ки аз онҳо дарёҳҳои тозаи мусаффо ҷорӣ мегарданд.

Ин минтақа дорои 18 кӯлҳои гуногун мебошад, аммо кӯли чуқуртаринаш Сарез аст. Сарез яке аз кӯлҳои зеботарини Тоҷикистон  маҳсуб  меёбад.  Он  дар   натиҷаи  зилзилаи шадид (7-9  балл  аз  рӯи  ҷадвали   Рихтер)  пайдо шуд.  Кӯли  Сарез  солҳои  зиёдест, ки  таваҷҷуҳи  тадқиқотчиён,  олимон,  адибон ва сайёҳони  одиро  ба  худ ҷалб  намудааст. Он  қариб  60  км  дарозӣ  дорад,  умқи максималии  он  то  ба  505  метр  расида,  ҳаҷми оби ҷамъшудааш 17км3-ро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои захираҳои зиёди обҳои тоза ва чашмаҳои шифоӣ буда, истифодаи оқилонаи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар ҳудуди вилоят 72 манбаи обҳои гарм ва минералӣ мавҷуданд, ки на ҳамаи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз 72 манбаи оби гарм ва минералӣ 13 ададашонро дар соҳаи агросаноатӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ саҳми Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон назаррас аст. Тӯли даҳ соли охир дар ҳудуди вилоят дар масофаи 1450 км қубурҳои обгузар васл гардиданд. Бо истифода аз таҷрибаи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир айни ҳол дар мавзеи Ҷелондеҳ шахсони алоҳида дар шароити гармхонаҳо парвариши сабзавотро ба роҳ мондаанд.

Гармчашма яке аз муъҷизаҳои худододи табиат ба шумор рафта, дар  баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияи Ишкошим  ҷойгир  аст. Ин манбаи об таърихи ҳазорсола  дорад. Тӯли мавҷудияти худ  дар  ин  ҷо  такшинҳои оҳаксанг  ҷамъ шуда, ба тарафи дарё чун шол овезонанд. Ин шолҳо ранги сафеди равшан, зардчатоб ва хурмоӣ дошта, ба масофаи 1,5 километр дарозӣ, барашон 40-50 метр, баландиашон аз 7 то 35 метр тӯл кашидаанд. Хусусияти табобатии ин осоишгоҳ дар тамоми мамлакатҳои муштаракулманофеъ ва ҷаҳон маълуму машҳур аст.

Инчунин ВМКБ дорои 1000 дарёҳои хурду бузург ва садҳо рӯдхонаҳои оби тоза мебошад, ки аз ҷиҳати тозагии обашон беназиранд. Дар дарёҳои Бадахшон зиёда аз 85 неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва шаш неругоҳи барқи обии калонҳаҷм сохта, мавриди истифода қарор доранд.

Умуман, ВМКБ сарчашмаи асосии оби тозаи Тоҷикистон мебошад ва дар оянда интиқол додани оби тозаи он ба дигар кишварҳои ҷаҳон низ имконпазир аст.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»