Вохӯрии ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо масъулини ширкати консалтингии «NAVIGANT»

№55 (3849) 05.05.2018

17 апрели соли 2018 дар вохӯрии ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» дар шаҳри Вашингтон (ИМА) нақши муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти барқарор намудани онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Машварати корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки намояндагони ташкилоти қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор, гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ — 2018 баргузор гардид.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ибтидо намояндагони бонкҳои Тоҷикистонро ба намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» муаррифӣ намуда, вобаста ба вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар рафти мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев таъкид намуд, ки барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба рушди воқеии на танҳо низоми бонкӣ, балки иқтисодиёти кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.

Сипас, директори Ширкати консалтингии «NAVIGANT» Еллен Зимилес оид ба хизматрасонии ширкат, таҳияи ҳисобот ва ташхис дар асоси маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби бонкҳо, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ дар оянда мусоидат менамоянд, маълумот дод. Зимни суханронӣ фаъолияти ширкат ва хизматрасониҳое, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ба бонкҳо замина фароҳам меоранд, аз ҷумла, бо истифода аз таҷрибаи мавҷуда бо бонкҳои давлатҳои гуногун, мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин қарор гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар хусуси то кадом андоза мусоидат намудани хулосаи ширкати мазкур барои барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва самтҳои дигари хизматрасонии ширкат суол дод.

Дар посух намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» маълумот оид ба талаботи ИМА ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои давлатҳои дигар, таъмини амният ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ, таъмини мониторинги доимии фаъолияти бонкҳои барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ҳавасманд, бахусус назорати доимӣ ва мониторинги амалиётро пешкаш намуданд.

Зимни машварати корӣ намояндагони бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба хизматрасонии ширкати номбурда, имкониятҳои ҳамкорӣ ва талаботи ширкат муколамаи пурмуҳтаво доир намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ