Ярмарка-фурӯши ниҳол баргузор гардид

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №683 аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» дар шаҳри Душанбе ярмарка — фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухмии зироат доир шуд.

Дар намоиши мазкур, ки дар бозори Қарияи Боло баргузор гардид, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. С. Саидов, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Аҳмадов, муовини раиси шаҳри Душанбе А.Оев, намояндаи шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ин чорабинӣ хоҷагиҳои ниҳолпарварии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар» якҷоя бо хоҷагиҳои ниҳолпарварии зертобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама намуди ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишию сояафканро ба харидорон пешниҳод намуданд.

Бояд зикр кард, ки дар намоиш-фурӯши ниҳол аз номи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ба мактаб — интернатҳои шаҳри Душанбе ба миқдори 1000 бех ниҳоли ороишию ҳамешасабз ройгон пешкаш гардид.

Жилои ОДИЛБЕК,

донишҷӯйи курси панҷуми факултети

журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон