1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ба манфиати халқ кор мекунад

№19 (3320) 12.02.2015

РаҷабовСафаралӣ Раҷабовро ҳамагон хуб мешиносанд. Мавсуф зимни фаъолияти вакилии хеш ба кумитае роҳбарӣ намуд, ки сермаҳсултарин маҳсуб меёбад. Ӯро дар ҷаласаи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум беҳуда раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб накарданд, зеро дар соҳаи иқтисодиёт ва молия шахси таҷрибаандӯхта ва мутахассиси варзида аст.

Фаъолияти меҳнатии С. Раҷабов  соли 1976,  баъди хатми факултети иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), аз вазифаи иқтисодчии Идораи кишоварзии шаҳри Кӯлоб оғоз ёфт. Сипас, дар вазифаҳои омӯзгори мактаби муҳосибони шаҳри Кӯлоб, сармуҳосиби Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Кӯлоб, сариқтисодчӣ, сардори шуъбаи банақшагирии Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб, муовини якуми раиси Кумитаи агросаноатии вилояти Кӯлоб, муовини якуми раиси Кумитаи агросаноатии вилояти Хатлон, муовини якуми сардори Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб, сардори Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб, муовини сардори Идораи кишоварзии вилояти Хатлон, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Хоҷамастон (ҳозира ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб ва солҳои 2008-2010 раиси ноҳияи Ховалинг кор кард.

Аз соли 1998 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошад.

Аз моҳи марти соли 2010 то имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод № 38 мебошад. Аз ҷониби ӯ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҳашт лоиҳаи қонун таҳия ва пешниҳод карда шуд, ки  онҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Аз ҷумла панҷ қонуни мукаммал ва 3-тои дигар тағийру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда мебошанд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат хеле муҳим ва саривақтианд. Барои мисол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат муайян менамояд. Тавре маълум аст, таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Қонуни дигар «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» унвон дошта, муносибатҳоеро, ки дар вақти амалӣ намудани фаъолият оид ба таъмини бехатарӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, инчунин дар давоми истифодабарӣ, таҷдид, барқарорсозӣ, мафҳуз доштан ва барҳам додани иншооти гидротехникӣ ба миён меоянд, ба танзим дароварда, вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, моликони иншооти гидротехникӣ ва шахсону ташкилотҳоро оид ба таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ муқаррар менамояд. Ба иншооти гидротехникӣ сарбандҳо, биноҳои неругоҳҳои барқи обӣ, иншоотҳои обпартоҳо, нақбҳо, каналҳо, истгоҳҳои обкашӣ, иншооти таъинотӣ барои ҳифз намудан аз обхезӣ, таҷҳизотҳо барои пешгирӣ намудани рахнашавии каналҳо, инчунин дигар иншооте, ки барои истифодабарии захираҳои обӣ ва пешгирӣ намудани таъсири номатлуби об таъин шудаанд, дохил мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», ки 25 марти соли 2011 қабул шудааст, низ аҳамияти муҳим дорад, зеро он асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, муносибатҳои ин соҳаро танзим менамояд.

Бо мақсади муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ, танзими  муносибати байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои аъзои иттифоқҳои қарзӣ ва таъмини  истифодабарии самараноки манбаъҳои захираҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» қабул гардида буд, ки дар ин раванд С.Раҷабов саҳми муассир дорад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» бо мақсади аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таҳия ва қабул гардиданд.

Дар баробари ин, лоиҳаи Қонуни моделӣ «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» таҳия шуда, ба Комиссияи доимӣ оид ба иқтисод ва молияи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда шуд. Баъд аз  баррасӣ дар комиссияи мазкур он барои қабул ба Шӯрои  Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ пешниҳод гардид.

Бо ташаббуси Сафаралӣ Раҷабов ва маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ бо мақсади муассир намудани  саҳми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастур оид ба ҷараёни буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Фарҳанги истилоҳоти иқтисод, молия ва буҷет дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр шуд.

Фаъолияти намояндагӣ яке аз бахшҳои муҳими Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, василаи муҳими густариши робита бо ҷомеа, огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи воқеии иҷтимоию сиёсии кишвар, инчунин омили таҳким бахшидани фаъолияти ҳар як вакил маҳсуб меёбад. Дар ин замина С. Раҷабов мунтазам ба сафарҳои хизматӣ баромада, зимни мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон таклифу пешниҳодҳои мардумро оид ба масъалаҳои баёнгардида сари вақт таҳлилу ҷамъбаст карда, барои чораҷӯӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо равон менамуд ва таҳти назорати ҷиддӣ мегирифт.

Давоми панҷ соли фаъолият (аз 16 марти соли 2010 то имрӯз) ба Кумита 213 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 30 қонуни мукаммал, як Кодекс, 98 лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо бо қонунҳо, 66 санади ҳуқуқии байналмилалӣ, панҷ барномаҳои давлатӣ, панҷ дурнамо, як стратегия ва ҳафт қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда аз ҷониби Кумита ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Фаъолияти густурда ва самарабахши номбурдаро ба назар гирифта, ӯро аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №28 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд. Бо мавсуф роҷеъ ба барномаи пешазинтихоботиаш суҳбат кардем.

-Барномаи пешазинтихоботии ман дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки  таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ироа шуда буд, омода гардида, ҳамаи бахшҳои ҷомеаро таҷассум менамояд, — гуфт ӯ. Аз ҷумла дар бахши иқтисодӣ:

- иштирок дар таҳия ва пешниҳоди қонунҳое, ки ба идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, густариши фаъолияти сармоягузорӣ, соҳибкории хурду миёна ва ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида шудаанд;

- дастгирии татбиқи сиёсати оқилонаи буҷету андоз, ки ба рушди иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд;

- мусоидат ба ривоҷи коркарди ашёи хоми дохилӣ, истеҳсоли молҳои рақобатпазир дар корхонаҳои ҷумҳурӣ, алалхусус дар ҳудуди  ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон;

- ҳамкорӣ дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳое, ки амнияти озуқавории кишварро таъмин намуда, дар пешбурди хоҷагии қишлоқ нақши муҳим мебозанд ва батадриҷ баҳри ба соҳаи даромаднок табдил додани соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамоянд;

- дастгирии ҳаматарафаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва истифодаи босамари онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар.

Дар бахши иҷтимоӣ ва маънавӣ, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ба таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳое равона карда мешавад, ки ба беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳимояи манфиатҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, устувор намудани нақши оила, бо дарназардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастгирии давлатии рушди фарҳанги миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ҳама халқҳои маскуни Тоҷикистон, мусоидат менамоянд.

-Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вакилии ман расонидани ёриву кумак ба интихобкунандагон, корхонаю муассисаҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ба шумор хоҳад рафт,- гуфт дар поёни суҳбат С. Раҷабов.

 Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»