Ба ҷонибдории сулҳу ободӣ овоз медиҳем

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

Имрӯзҳо баъзе неруҳои бадхоҳ ба Давлату Ҳукумати  Тоҷикистон санги маломат мезананд. Махсусан бо таваҷҷуҳ ба вазъи бамиёномадаи муҳоҷирати меҳнатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  намояндагиҳои  дахлдори  мақомоти  он  дар Федератсияи Россия зери маломату сарзаниши гурӯҳҳои ғаразнок қарор гирифтаанд.

Дуруст аст,  ки камбудиҳо дар фаъолияти сохторҳои дахлдор вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ зиёданд.  Вале  оё  бо  чунин танқидҳои ғайрисозанда ва нодуруст метавон чизе ба ҷуз ихтилоф ва парокандагии миллат ҳосил кард? Аҷаб  ин  аст,  ки  гурӯҳҳои  мухолифи  Ҳукумат  бо  якдигар  низ созгорӣ  надоранд  ва  дар  мухолифат  ҳастанд.  Ин  худ баёнгари  он  аст,  ки  онҳо  танҳо  барои  манфиати гурӯҳи худ амал карда,  парвои  ҷомеаву миллат надоранд, балки баъзеашон тибқи нишондоди қудратҳои хориҷӣ фаъолият доранд.

Роҳи ҳалли камбудиҳои мавҷуда бедорӣ ва ҳушёрии худи мардум мебошад.  Ҳеҷ  яке аз чунин гурӯҳҳо  дар пайи ободиву осудагии мардуми мо нест.  Бароямон муҳим аст, ки пеш аз ҳама, муттаҳид бошем ва якҷо дар пайи бартараф кардани мушкилоти мавҷуда кӯшиш кунем. Албатта, саҳми Давлату Ҳукумат дар ин роҳ бисёр бузург аст, вале мардум низ бояд дар атрофи Ҳукумат муттаҳид бошад.

Хусусан имрӯзҳо, ки дар арафаи интихобот қарор дорем, мо, тамоми мардуми кишвари азизамон, аз ҷумла онҳое, ки дар Федератсияи Россия ва давлатҳои дигар кору зиндагӣ мекунем, бояд зимни овоздиҳӣ фикри солимро ба кор бурда, сиёсати ободкоронаю созанда, сулҳовару тараққипарвари Тоҷикистонро дастгирӣ намоем. Нагузорем, ки неруҳои бадхоҳ, ки маъмулан аз номи дину мазҳаб баромад карда, мехоҳанд ба мақсадҳои нопокашон расанд, ғолиб оянд.

Гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ аз Федератсияи Россия