Бохтар. 41 участкаи интихоботӣ ташкил карда мешавад

№105 (4211) 29.08.2020

21 августи соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар нахустин семинари омӯзишӣ барои ҳайати комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар, №44 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Ашӯрзода иттилоъ дод, ҳафтаи равон ва оянда баргузории боз чанд семинари дигар дар назар аст.

- Зимни интихоботҳои гузашта дар шаҳр 38 участкаи интихоботӣ таъсис дода мешуд, ки бинобар сабаби зиёд будани теъдоди интихобкунандагон дар баъзе аз онҳо мушкилӣ пеш меомад. Ба ин хотир, тасмим гириф­тем, ки имсол дар шаҳр теъдоди участкаҳои интихоботиро ба 41 адад расонем, — гуфт Амонулло Ашӯрзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»