6 ноябр – Рўзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки нозирони Байналмилалӣ дар ҷараёни интихобот

№128-129 (3113-3114) 12.10.2013

Ёздаҳуми октябри соли 2013 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи рўзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додоев иттилоъ дод, ки ҷараёни интихоботро нозирони байналмилалӣ назорат менамоянд. Аз ҷумла намояндагон аз давлатҳои аъзои ИДМ низ ин маъракаро назорат мекунанд.

Баъд Абдуманон Додоев ба хабарнигорон муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гиляриевич Гаркун ва мушовири Кумитаи иҷроияи ИДМ Олег Викторович Кулеваро муаррифӣ намуд.

Владимир Гаркун дар баромадаш зикр намуд, ки дар ҷараёни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нозирони байналмилалӣ аз давлатҳои ИДМ иштирок мекунанд. Ба ин ҳайат намояндагони парлумон, дипломатҳо, кормандони масъули Комиссияҳои интихобот ва раъйпурсӣ шомиланд. Дар назар аст, ки шумораи онҳо ба бештар аз 150 нафар мерасад. Онҳо дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ рафти интихоботро назорат мебаранд ва ба рафти ин маърака дахолат ё таъсир намерасонанд. Нозирон дар анҷоми интихобот хулосаи худро изҳор хоҳанд дошт.

Иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кафолат медиҳад. Тартиби иштироки онҳоро Дастурамали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2013 таҳти №20 муқаррар менамояд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»