Иттилоия

№136 (3616) 03.11.2016

2 ноябри соли 2016 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд, ки дар он додани мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати ӯ баррасӣ гардиданд.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 26-уми октябри соли 2016, № 577 ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин бо сабаби ба вазифаи дигар таъин шудан пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Мувофиқи моддаҳои 12, 54, 56 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарор кард, ки мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати дахлдори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода шавад.

Комиссия, инчунин Шарифӣ Фирӯза Бурихонзодаро ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикис­тон ба қайд гирифта, ваколаташро тасдиқ намуд.

«Садои мардум»