Комиссияи ҳавзавӣ мутобиқи нақша фаъолият дорад

№19 (3320) 12.02.2015

Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботӣ  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сино №4 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев воқеъ гардидааст.  Дар ҳудуди он 49 участкаи интихоботӣ ташкил ёфтааст. Комиссияи ҳавзавӣ нуҳ нафар аъзо дорад, ки ҳар кадом  дар самтҳои муайян кор мебаранд.

Тавре раиси комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сино №4 Ҳусноро Мирзоева иброз дошт, аз ҳайати ин комиссия чор нафарашон намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мебошанд.

Қаблан ҳафт нафар номзад аз ҳафт  ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида буданд. Бо сабаби берун аз ҷумҳурӣ қарор доштан ва беморӣ номзадии ду нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бозпас гирифта шуд.

Айни замон панҷ нафар номзад аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сино №4 ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаанд, ки инҳо  Ҷамшед  Саидов аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон,  Иноят Дадаҷонова аз Ҳизби сотсиалистии  Тоҷикистон, Зуҳро Мирзоева аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, Воҳидхон Қосидинов аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва  Маҳбуба Шоазизова аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон мебошанд.

Ба қавли  мавсуф участкаҳои интихоботӣ омодакунии рӯйхати интихобкунандагонро  ба анҷом расонидаанд. Баъди бақайдгирии ниҳоии интихобкунандагон марҳилаи дигари кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ оғоз меёбад.

- То имрӯз дар ҳавзаи интихоботии мо бештар аз 70 000 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Асосан мо фаъолияти комиссияи ҳавзавиро аз рӯи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сино № 4  пеш мебарем. Ба кори комиссияи ҳавзавӣ нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони САҲА шинос шуданд, зикр намуд, — Ҳусноро Мирзоева.

- Бо мақсади ташкили дурусти маъракаи интихоботӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисон ва муовинону котибони участкаҳои интихоботӣ семинар гузаронида шуд.

Кӯшиш дорем, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд ва муташаккилона баргузор гардад,- гуфт дар охир Ҳусноро Мирзоева.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»