Мақсади асосӣ: шаффофу демократӣ гузаштани интихобот

№18 (3319) 10.02.2015

Дар мавриди тайёрӣ ба гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом раиси комиссияи ҳавзавии он Азимҷон Бобоҷонов гуфт, ки  дар ҳудуди шаҳр як ҳавзаи интихоботӣ- Конибодом №19 ва 57 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. 

Ба ҳавзаи интихоботии Конибодом — №19 ҷиҳати иштирок  дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ нафар номзадҳо ҳуҷҷатҳои худро пешбарӣ намудаанд.

Тибқи қарори Конференсияи XIV ҲХДТ дар шаҳри Конибодом як нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд. Ин номзад Равшан Раҷабов — муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба комиссияи ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Ҳакимов Шокир Қосимҷонович аз ҲСДТ, Дилбар Сулаймонова- директори Театри давлатии драмавӣ- мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова аз ҲХДТ, Баҳодур Саидов — раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов аз ҲХДТ, Аҳмад Неъматов — сармутахассиси Раёсати кишоварзии шаҳр аз ҲАТ ба тариқи худпешбарӣ ариза пешниҳод намудаанд.

Бино ба гуфти раиси комиссияи ҳавзавӣ  оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд шаш ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шуда, ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ муқаррар гардидааст.

Ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Суғд 11 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Оид ба ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом раиси комиссияи ҳавзавии интихобот Азимҷон Бобоҷонов гуфт, ки  дар 40 ҳавзаи интихоботӣ пешбарии номзад ба анҷом расид. 150 нафар номзад пешбарӣ шуд, ки аз ин шумора 30 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

- 29 январ ҷаласаи навбатии комиссияи ҳавзавии интихоботии  Конибодом №19 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  комиссияи ҳавзавии  интихоботии Конибодом №19  ҳуҷҷатҳои Раҷабов Равшанро, ки Конференсияи XIV ҲХДТ дар шаҳри  Конибодом ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда буд, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод. Бо қарори комиссияи ҳавзавии интихоботӣ Раҷабов Равшан ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, ба ӯ шаҳодатномаи номзад ба вакилии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Бо иштироки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён, муовини ӯ Зокиров Саидбой ва коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ғафуров семинар-машварати омӯзишӣ доир гардид.  Дар он аъзои ҳамаи комиссияҳои интихоботӣ ширкат варзиданд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара низ бо аъзои комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатаи Исфара № 20 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои шаҳрии интихобот ва участкаҳои интихоботӣ машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Исфара № 20 Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст ва он аз 11 нафар аъзо аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайриҳизбиён иборат мебошад. Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастурҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара 79 участкаи интихоботӣ ташкил ва ҳайати комиссияҳои участкавӣ иборат аз 711 нафар тасдиқ карда шудаанд. Участкаҳои мазкур бо маводҳо барои ташкили кор аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шудаанд ва мутасаддиён дар асоси нақшаи тақвимӣ фаъолият бурда истодаанд. Дар ҳавзаи интихоботӣ бақайдгирии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

То 30 январ  аз панҷ нафар шахсоне, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ва бо роҳи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, се нафарашон ба қайд гирифта шудаанд. Инҳо Шарофидинова Мавзуна аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шарипов Нӯъмон  аз ҲНИТ ва Аминов Инъомҷон (бо тарзи худпешбарӣ) мебошанд.

Дар шаҳри Исфара барои гузаронидани интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ комиссияи шаҳрии интихобот ташкил карда шудааст. Бо қарори ин комиссия 79 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар 40 ҳавза барои гузаронидани интихобот омодагӣ гирифта истодаанд.

Ба ҳафт ҳавзаи вилоятӣ 19 – нафар, ба 40 ҳавзаи шаҳрӣ 102 – нафар номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва бо роҳи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд. Ҳоло давраи бақайдгирӣ давом дорад.

Комиссияи ҳавзавии Исфара №20 дар асоси нақшаи тақвимӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани интихобот кӯшиш ба харҷ медиҳад,- гуфт Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»