Омодагӣ ба маъракаи муҳим

№14 (3315) 31.01.2015

Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Бохтар №27 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати молияи ноҳияи Бохтар, шаҳраки Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Сино 62 қарор дорад. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ шумораи интихобкунандагон дар ин ҳавза 91126 нафар муайян карда шудааст. Ҳудуди он шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Бохтар, ҳамчунин як қисми ноҳияи Ҷалолиддини Румиро дар бар мегирад.

Тавре аз суҳбат бо котиби комиссияи ҳавзаи интихоботии мазкур Додарҷон Ғуломов дарёфтем, аз 58 участкаи интихоботии дар ҳудуди ҳавза оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта 45 ададаш дар ноҳияи Бохтар ва 13 ададаш дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ қарор доранд.

Ҳайати комиссияи ҳавзавии интихоботӣ аз 11 нафар иборат буда, раисии онро роҳбари хоҷагии деҳқонии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Бохтар, узви ҲХДТ Амриддин Иброҳимов ба уҳда дорад. Муовини раиси комиссия -Замира Назарова раиси Иттифоқи ҷамъияти матлуботи ноҳияи Бохтар аст. Аъзои комиссия одамони касбу кори гуногун, шахсони обрӯманди ноҳияҳои Бохтару Ҷалолиддини Румӣ ҳисоб меёбанд. Аз 11 нафар се нафарашон бонувонанд. Намояндагони ҲХДТ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва беҳизбиён ба ҳайати комиссияи ҳавзавӣ шомиланд.

- Омодагӣ ба интихоботи дарпешистода дар ҳавзаи мо хуб аст, – гуфт Додарҷон Ғуломов ва идома дод: -Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ барои дар сатҳи зарурӣ шаффофу демократӣ гузаштани интихобот дар ҳудуди ҳавза тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Дар ин масъала ҳамкории мо бо ҳизбҳои дар ҳудуди ноҳияҳои Бохтару Ҷалолиддини Румӣ фаъолияткунанда хубу самарабахш ба роҳ монда шудааст. Ба ҳар як суолу дархости зарурии интихобкунандагон дар ҳавза ва участкаҳои интихоботии ҳудуди он ва ҳамчунин тавассути телефони боварии ташкилнамудаамон ҷавоб гардонида мешавад.

Ба изофа бо мақсади пурраю ҳамаҷониба фаҳмонидани талаботи қонуни интихобот ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ семинарҳои омӯзишӣ бо аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ доир карда шуд. Инчунин ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ бо адабиёту дастурҳои зарурии интихоботӣ, қабл аз ҳама бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, пурра таъминанд.

Номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар №27 панҷ нафаранд. Аз ин шумора танҳо муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул аз ҲХДТ пешбарӣ гардидааст. Дигар номзадҳо бошанд, бо тариқи худпешбарӣ мехоҳанд дар корзори интихоботӣ иштирок варзанд. Аз ҷумла узви ҲХДТ, муовини раиси ноҳияи Бохтар Кибриё Сафарова, узви ҲИИТ, раиси маҳаллаи деҳаи Қаҳрамон соҳибкор Маърифҷон Рӯзибоев, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, узви ҲХДТ Эмомалӣ Қурбонов, роҳбари кооперативи истеҳсолии «Меҳвар», узви ягон ҳизб нест Абдуғаффор Улфатов аз ин ҷумлаанд.

Боварӣ ҳаст, ки дар ҳавзаи интихоботии Бохтар №27 интихобот шаффофу демократӣ, дар асоси рақобати солим барпо мегардад.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»