Шароити баробар барои ҳамаи номзадҳо

№17 (3318) 07.02.2015

Дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қубодиён №31 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дар сатҳи хуб идома дорад. Дар ин бора суҳбате доштем бо раиси комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии мазкур Ойдиной Авзалиева.

- Мо оид ба маъракаи дарпешистодаи интихоботии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, бахусус оид ба амалигардонии меъёрҳои марбутаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дигар санадҳои ҳуқуқӣ бо интихобкунандагон ҳангоми вохӯриҳо дар худи бинои қароргоҳи комиссия, комиссияҳои участкавии интихоботӣ, ҳамчунин тариқи воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ мебарем. Зеро, тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 январи соли 2015) таъкид гардидааст: «Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад», — гуфт дар суҳбат Ойдиной Авзалиева.

Мо аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихоботӣ тамоми тадбирҳоро меандешем то ин маъракаи муҳим, тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон таъкид кардаанд: «…омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад».

Ба ҳамин мақсад дар ҳавзаи мо ба ҳамаи ҳизбҳои дар интихобот иштироккунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё карда шудааст. Ба ҳайати комиссияи ҳавзавии интихоботӣ намояндагони ҳизбҳои дар ҳудуди ҳавза фаъолияткунанда — ҲХДТ, ҲКТ, ҲАТ, ҲНИТ, ҲИИТ, беҳизбиён шомиланд ва дар чорабиниҳои пешазинтихоботӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳавзаи интихоботии Қубодиён №31 дар ҳайати худ 105 участкаи интихоботӣ дорад. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ шумораи умумии интихобкунандагон дар ин ҳавза 126 ҳазор нафар аст. Аз шумораи умумии комиссияҳои участкавии интихоботӣ 35 ададаш дар ноҳияи Қубодиён, 40 ададаш дар ноҳияи Шаҳритуз, 30 ададаш дар ноҳияи ба номи Носири Хусрав ҷойгиранд. Ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ низ аз ҳисоби беҳтарин нафарони касбукори гуногуни ин ноҳияҳо мураттаб гардидааст.

Ба раисон, муовинон, котибон ва аъзои участкаҳои интихоботӣ алоқаҳои мунтазами телефонӣ барқарор аст. Ҳамчунин бо мақсади шаффофияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ, шунидани таклифу пешниҳоди интихобкунандагон ва интихобшавандагон телефони боварии ҳавзаи интихоботӣ фаъол аст.

Дар ҳавзаи интихоботии Қубодиён №31 панҷ нафар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Инҳо Садриддинов Бадриддин — узви ҲХДТ, вакили парлумони касбии мамлакат, Абдуллоев Ибодулло — узви ҲХДТ, директори ҶДММ «Ориёно» (ноҳияи Қубодиён), Сабуров Мирзосафар — беҳизбият, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, Давлатов Зафар — директори Идораи маҳсулоттайёркунии Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳритуз, узви ҲАТ ва Гулбоев Неъматулло — сардори Идораи кишоварзии ноҳияи ба номи Носири Хусрав, узви ҲАТ мебошанд.

Номзадии Бадриддин Садриддиновро конференсияи муштараки ҲХДТ пешбарӣ намудааст. Дигар номзадҳо бошанд, ба таври худпешбарӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок менамоянд. Ҳамаи номзадҳо аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи номзадӣ шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани малакаю корбарии аъзои комиссияи участкавии интихоботӣ фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳои вобаста ба интихобот, дигар ҳуҷҷату санадҳои лозимӣ, бо мутасаддиёни ин маъракаи муҳим семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

- Мо тамоми чораҳоро меандешем, ки интихоботи навбатӣ шаффофу демократӣ, бо иштироки доираи васеи интихобкунандагон, фароҳам овардани шароити баробари зарурӣ барои ҳамаи номзадҳо сурат гирад,-гуфт дар поёни суҳбат Ойдиной Авзалиева.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»