1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

24 феврали соли 2015 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муқаррар кардани тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва муайян намудани тартиб ва муҳлати нигоҳдории бюллетенҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи талаботи банди 18 моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Номгӯйи ҳуҷҷатҳои намунавие, ки ба нигоҳдории давлатӣ супорида мешаванд, тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, тартиб ва муҳлати нигоҳдории бюллетенҳои интихоботӣ муқаррар карда шуданд.

Зикр гардид, ки бо мақсади риояи қатъии тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихобот тибқи талаботи Номгӯйи ҳуҷҷатҳои намунавӣ, ки бояд нигоҳдорӣ шаванд, баъзе аз ҳуҷҷатҳои муҳими интихоботӣ,  аз ҷумла қарорҳо оид ба ташкили ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот, намунаҳо, нусхаҳои ҳуҷҷатҳои комиссияҳои ҳавзавӣ, протоколҳои комиссияҳои интихоботӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ ва натиҷаи интихобот ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамзамон муқаррар гардид, ки бюллетенҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ то эълони натиҷаи ниҳоии интихобот нигоҳ дошта шаванд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои муҳими омодагиҳои ниҳоӣ ба интихобот, аз ҷумла ба интихобкунандагон дастрас намудани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавӣ ба комиссияҳои участкавии интихобот на дертар аз ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ дастрас кардани бюллетенҳои интихоботӣ, пурра ва ҳамаҷониба муҷаҳҳазгардонии биноҳои овоздиҳӣ, таъмини пурраи участкаҳои интихоботӣ бо қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ, муташаккилона баргузор ва ҷамъбаст намудани овоздиҳӣ дар рӯзи 1 марти соли 2015 ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи нозирони байналмилалӣ бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»