22 май-Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Тасдиқи шакли бюллетени раъйпурсӣ

№48 (3528) 12.04.2016

Мувофиқи моддаҳои 17 ва 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) шакли бюллетени раъйпурсиро тасдиқ намуд. Дар он матни лоиҳаи қарори ба раъйпурсӣ гузошташуда: «Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?» ва ду тарзи ҷавоб: «Ҳа» ва «Не» чоп шуда, дар он тартиби дуруст пур кардани ин ҳуҷҷати овоздиҳӣ дарҷ гардидааст.

Ин масъала дирӯз зимни ҷаласаи навбатии КМИР, ки таҳти роҳбарии раиси он Худоёрзода Бахтиёр Тавар баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа як зумра масъалаҳои муҳими омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ матраҳ гардиданд.

Инчунин, гузориши роҳбари дастгоҳи КМИР А. Додозода оид ба ҷараёни иҷрои Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардида, дар ин хусус қарори дахлдор қабул шуд.

КМИР ба қарори худ «Дар бораи ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайати комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Қӯрғонтеппа тағйироти дахлдор ворид намуд.

Ҳамзамон, бо қарори КМИР натиҷаҳои пешакии интихоботи миёна­даврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 апрели соли 2016 дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ № 1 ва Ҷаббор Расулов №16 баргузор гардид, эълон шуд.

КМИР Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва Акрамзода Баҳодур Исмоилро ҳамчун вакилони интихобшуда аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботии зикршуда ба қайд гирифта, ваколати онҳоро тасдиқ  ва ба онҳо шаҳодатнома супорид.

 «Садои мардум»