22 майи соли 2016 - Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид мешавад

№56 (3536) 28.04.2016

кмирБанда солҳои зиёд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доштам ва бо итминон гуфта метавонам, ки баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ободии кишвар чораю тадбирҳои зиёд андешида шуд. Аз ҷумла Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба халқи азият­кашида, меҳнатдӯсту сулҳофари мо рӯҳу тавони тоза бахшид.

Маҳз меъёрҳои Конститутсия зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро дар кишвари мо гузошт. Тағйиру иловаҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал гардонид ва тибқи онҳо ҷомеаи навини мо ба марҳалаи навбатии рушд ворид гардид.

Чунонки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои Истиқлолият, мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯю нуфузи Тоҷикис­тон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем». Рушди устувори ҷомеаи мо тақозо мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил ёбанд. Тавре дар лоиҳаи пешниҳодшуда оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ тавсеа ёбад.

Чанде пеш, мо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафари корӣ доштем. Ман, ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Спитамен №25, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилот ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод ва Деваштич бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор кардам.

Мардум ҷонибдории худро аз ҳар иқдоми Пешвои миллат, қарору қонунҳои қабулгардида дилгармона баён медоштанд. Дар деҳоти «Куруш»-и ноҳияи Спитамен собиқадори меҳнат Абдувоҳид Азимов ва иштирокдори Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Ҷабборов изҳор доштанд, ки иқдоми вакилони парлумони кишварро доир ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва 22 май дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, мавқеи худро роҷеъ ба ҷонибдории сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён медоранд.

Хусусан, тағйирот ба моддаи 8-уми Конститутсияро, ки дар он омадааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст», мувофиқи мақсад донистанд.

- Мо ин заруратро аз фаъолияти тахрибкоронаи Ҳизби наҳзати исломи кишвар, ки хушбахтона, имрӯз манъ гардидааст, хуб дарк кардаем, — гуфтанд онҳо.

Музокирачиён дар робита ба тағйиру иловаи қисми дуюми моддаи 34-ум: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғи қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд», зикр карданд, ки нигоҳубини волидайн ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кардани онҳо аз суннатҳои қадимаи мардум аст. Тағйироти мазкур минбаъд фарзандонро масъул мегардонад, ки ба масъалаи нигоҳубину парастории падару модарон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷавобгарӣ ҳис намоянд.

Зимни вохӯрӣ дар деҳоти «Ҷомӣ»-и ноҳияи Зафаробод як зани солхӯрда, ки солиёни зиёд омӯзгор будааст, ҷонибдории хешро аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баён дошта, гуфт, ки чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид. Қонуни мазкур баёнгари орзую омоли халқ буда, аз ҷониби мардуми ҷумҳурӣ гарму ҷӯшон пазируфта шуд. Бояд қайд кард, ки вазифаи муқаддасу таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдати комил дар ҷумҳурӣ ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ буд ва ӯ аз иҷрои ин вазифаҳои бузург сарбаландона баромад. Эмомалӣ Раҳмон барҳақ Пешвои миллати тоҷик аст ва сокинони кишвар, аз ҷумла бошандагони ноҳияи Зафаробод қонуни мазкурро амри таърихию воқеӣ медонанд.

Ҳамин тавр, дар вохӯриҳои дигар низ иштирокдорон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи мақсад арзёбӣ карданд.

 Аҳмадҷон ҚОБИЛОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон