Журналистон аз нозукиҳои ҳузур дар комиссияҳои интихоботӣ огоҳ шуданд

№13 (4119) 28.01.2020

ИнтихоботБисту чоруми январи соли равон дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дарси маҳорат оид ба инъи­коси дурусти раванди интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма баргузор шуд.

Директори Академияи ВАО Зиннатулло Исмоилзода изҳор дошт, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми марти соли 2020 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад. Табиист, ки воситаҳои ахбори омма дар инъикоси ин маъракаҳои сиёсӣ нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, намояндагон ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ даъват шудаанд, то доир ба тартиби иштирок  ва инъикоси ин маъракаи муҳими сиёсӣ маълумот диҳанд.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ гуфт, ки кишвар пас аз давраи шӯравӣ ба фазои комилан тоза ворид шуд. Зеро дар ташкили давлати мустақил принсипҳои ташаккули ҳокимияти сиёсӣ аз масъалаҳои асосист. Бинобар ин, Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шуд, ки дар он муҳимтарин нуктаҳо дар ҷомеаи демократӣ дар мувофиқа бо менталитет ё вижагиҳои рӯҳиву равонӣ ва ахлоқиву фарҳангии мардум муқаррар гардид.

- Ворид шудан ба ҷаҳони муносибатҳои демократӣ ва ба василаи қонунҳо, иродаи  мардум идора кардани ҷамъият, ҳокимият ва давлат кори осон нест. Дар Аврупо бар ин ақидаанд, ки интихобот як навъ қарордоди ҳамагонии мардум аст. Яъне, мардум барои якҷоя зиндагӣ кардан ва пеш рафтан бо ҳам қарордод мекунанд. Бинобар ин, дар забони мо ҳам калимаи «мардумсолор» пайдо шуд, — изҳор дошт номбурда. Бино ба гуфти ӯ, ҳама гуна амали сиёсӣ бояд бо таҷрибаҳои гузашта такмил дода шаванд. Тағйироте, ки ба Конститутсияи Тоҷикистон ба воситаи раъйпурсӣ ворид шуданд, барои такмили низоми давлатдорӣ буданд.

Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров доир ба тартиби ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма дар рӯзи баргузории интихобот ва коршиноси технологияҳои иттилоотӣ Муҳаммадӣ Ибодуллоев оид ба пешниҳоди матлаб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори андеша намуданд.

Дар охир миёни рӯзноманигорон ва ­масъулин табодули афкор сурат гирифт.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»