«Сиёсатмадор дар назди онҳое, ки ба ӯ бовар кардаанд, бояд ҳисоботдиҳанда бошад»

№121 (4071) 10.10.2019

DSC_1277Суҳбат бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷаббор Ахмедов

- Муҳтарам Ҷаббор Ҷалолович, чаро шумо пеш аз ба охир расидани даъвати панҷум дар мақоми олии қонунгузории мамлакат хостед оид ба фаъолиятатон бо мухбири рӯзнома ҳамсуҳбат шавед. Мехостем сабаби инро шарҳ диҳед?

- Ҳадаф пешниҳод намудани ҳисобот аст. Зимни фаъолияти вакилӣ дар даъвати сеюм (солҳои 2005-2010)-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ низ моҳи ноябри соли 2009 доир ба натиҷаи он дар яке аз рӯзномаҳои шаҳри Хуҷанд маълумот нашр кардам. Мехоҳам ин навбат ҳам дар назди зиёда аз 104000 интихобкунандаи ҳавзаи интихоботии ба номи Урунхӯҷаев, №15 ҳисобот диҳам, то онҳо бидонанд, ки кадом корро иҷро кардаам. Чунин тарзи кор барои ман принсипиалӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар он ақидаам, ки сиёсатмадор бояд дар назди онҳое, ки ба ӯ бовар кардаанд, ҳисоботдиҳанда бошад. Сониян, мехоҳам интихобкунандагон аз натиҷаи интихоботи гузашта бохабар бошанд, хулоса бароранд, ки оё интихоби онҳо дуруст буд ё баръакс?

- Агар ба панҷ соли гузашта назар афканем, ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар пур аз рӯйдодҳои муҳим буданд. Кадоме аз онҳо барои шумо хотирмон аст?

- Бешубҳа, бо пешниҳоди як гурӯҳ вакилони мардумӣ доир гардидани раъйпурсии умумихалқӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул шудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва ҷашни XXV–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сохтмони НБО «Роғун» низ дар ин ҷода ҷойгоҳи махсус дорад, ки ҳамчун вакил се маротиба аз он дидан намудам ва ҳамеша фикре маро фаро мегирад, ки наход дасти инсон ба бунёди чунин иншооти беҳамто қодир бошад.

Инчунин, тайи панҷ соли гузашта ҷавҳари асосии фаъолияти маро иҷрои вазифаҳое, ки зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 17 марти соли 2015 изҳор гардид, ташкил намуданд. Аз ҷумла, ноил гаштан ба боварии интихобкунандагон, самаранок истифода бурдани тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, сарфи назар аз мансубияти ҳизбию сиёсӣ, аз нуқтаи назари умумидавлатӣ ва умумимиллӣ амал намудан, ҳангоми фаъолият таъмин намудани волоияти Конститутсия, такмили қонунгузории мамлакат аз тариқи беҳтар кардани сифат ва самаранокии он, мубориза бар зидди равандҳои номатлуб, ҳамкории доимӣ бо интихобкунандагон ва ғайра.

Баъдан, иҷрои барномаи пешазинтихоботӣ, ки 15 самти асосиро дар бар мегирад, ҳамеша дар мадди назари банда қарор дошт.

 

- Дастовардҳои шумо зимни фаъолияти қонунгузорӣ чӣ гунаанд?

- Воқеан, фаъолияти қонунгузорӣ яке аз самтҳои асосии кори вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ якҷо бо ҳамкасбон 11 лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудем. Боиси хурсандист, ки 8-тои он ҷонибдорӣ ёфта, қабул гардиданд. Муҳимтарини онҳо лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар ҳаммуаллифӣ бо дигар вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ таҳия гардида, 11 январи соли 2016 аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфт.

Ҳамчунин, якҷо бо ҳамкасбон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ва дигар қонунҳоро дар таҳриру иловаҳои нав пешниҳод кардем, ки аксарияти онҳо ҳоло мавриди амал қарор доранд.

Зимнан, мехостам оид ба қабули Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», ки дар таҳия ва қабули он низ иштирок доштам, ибрози ақида намоям. Он бори аввал дар таърихи қонунгузории мамлакат бо ташаббуси вакилон Дилрабо Мансурӣ, Садриддин Шарипов, Баҳром Абдуалимов, Абдуназар Хисрав ва дигарон пешниҳод гардида, аз моҳи июни соли 2017 мавриди амал қарор дорад. Бояд гуфт, ки дастгирии истеҳсолкунадагони ватанӣ, муқаррар кардани асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии соҳаи саноат дар барномаи пешазинтихоботии ман дар сатри аввал қарор дошт. Бо гузашти вақт, собит гардид, ки дар таҳия ва қабули қонуни зикршуда, мо — муаллифон хато накардем ва пешгӯиҳо дуруст баромаданд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Пешниҳодҳои дигари ман дар самти қонунгузорӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиро фарогир ва ба дастгирии манфиати шаҳрвандон равона гардиданд. Бахусус, баҳри иҷрои нақшаҳои барномаи пешазинтихоботӣ ташаббуси дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро оид ба масъалаҳое, ки дар барнома пешбинӣ шудаанд, ҷонибдорӣ намудам. Чунончӣ, пешниҳодҳо оид ба тасдиқи созишномаҳои байналмилалию байнидавлатӣ, лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, алалхусус, вакилони мардумӣ, ки вобаста ба такмил додани асосҳои ҳуқуқии таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, кам намудани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, тақвияти ислоҳоти низоми санҷиш, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, афзунтар гардонидани дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ, маблағгузории сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, иншооти энергетикӣ, таҷдиду азнавсозии иншооти амалкунандаи энергетикии мамлакат ва ғайра, ки ҳангоми баррасии онҳо таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён шуда, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфтанд.

- Равобит бо интихобкунандагонро чӣ гуна ба роҳ мондед?

- Ҷиҳати амалӣ гардонидани ин ҳадаф баргузории вохӯриҳо дар ҳавзаи интихоботӣ, қабули интихобкунандагон дар маҳалҳо, алоқаи доимии телефонӣ бо интихобкунандагон ба роҳ монда шуд.

То кунун 118 вохӯрии расмӣ бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ баргузор гардид, ки дар онҳо вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳру ноҳия иштирок доштанд. Ҳамчунин, даҳҳо вохӯрии ғайрирасмӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо маълумот оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, иҷрои дархостҳои интихобкунандагон, масъалаҳои мубрам, алалхусус, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва рӯйдодҳои муҳими кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иловатан, ман, ки солҳои тӯлонӣ узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳастам, бо ташкилоти вилоятии ҳизб робита барқарор намуда, ин муддат се маротиба бо фаъолони ҳизб дар кумитаи вилоятӣ вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба фаъолият маълумот пешниҳод кардам.

Инчунин, якҷо бо Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – асоси суботи сиёсӣ ва муҳимтарин омили бақои давлат», «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон» ва бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он маърӯза намудам.

Таҷрибаи дигаре, ки бо интихобкунандагон ба роҳ монда шуд, баррасии пешакии лоиҳаи қонунҳо ба ҳисоб меравад. Чунончӣ, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» бо интихобкунандагон пешакӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аксар таклифу эродҳои онҳо ба инобат гирифта шуданд.

- Иҷрои дархости интихобкунандагон низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти вакилӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода чӣ чора андешидед?

- Дар маъракаи пешазинтихоботии соли 2015, ба унвони ман чун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 40 дархости интихобкунандагон пешниҳод гардид. Бо мақсади иҷрои онҳо, тибқи қонунгузорӣ, ба ҳукуматҳои вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо муроҷиат намудам. Зеро бе кумаки онҳо ҳеҷ масъала ҳал намегардад. Дар ин радиф, бояд қайд намуд, ки Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо қарорҳои қабулнамуда баҳри иҷрои дархости интихобкунандагон чораҳои саривақтӣ андешида, онҳоро зери назорати доимӣ қарор медод. Чунки дархости интихобкунандагон гуногунҷанбаанд: аз қабули қонунҳои нав, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда то масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва маишӣ. Маҳз чунин ҳамкории судманд ва дастгирии Президенти мамлакат, Шӯрои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо имконият доданд, ки дархости интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №15 ба номи Урунхӯҷаев — сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ҷамоати «Унҷӣ», сохтмони бинои иловагии беморхонаи клиникавии ноҳиявии №3-и ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмон, мумфаршкунии маҳаллаи Ҳафткалони деҳаи Қишлоқиҷон, даромадгоҳи мактаби миёнаи №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гирду атрофи хонаи бисёрошёна, воқеъ дар кӯчаи Ғалабаи шаҳри Бӯстон, таъмин намудан бо насос ҷиҳати мунтазам бо оби ошомиданӣ таъмин намудани кӯчаҳои ба номи Урунхӯҷаев, Фатҳулло Ахмедов ва ғайра пурра амалӣ гардида, ҳоло сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давом дорад.

Албатта, на ҳама дархости интихобкунандагон амалӣ гардиданд. Баъзе бо сабаби мавҷуд набудани маблағ ва дигар сабабҳои объективӣ. Якчанд дархости дигари интихобкунандагон ба нақшаи ҳукуматҳои маҳаллӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ки боварӣ дорам дар муҳлати муқарраргардида пурра ҳал мегарданд. Зимнан, боз таъкид карданӣ ҳастам, ки ҳар имконе доштам баҳри иҷрои он кӯшиш намудам, то нисбат ба дархости онҳо беаҳамиятӣ зоҳир нанамоям.

Тӯли фаъолият беш аз 100 шаҳрванд ба ман ба тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Бисёре аз онҳо қонеъ гардонида шуда, қисме барои ҳал ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд. Чунончӣ, муроҷиати як гурӯҳ кормандони соҳаи маориф дар бораи меъёри андоз аз арзиши иловашуда вобаста ба хизматрасонии таълимӣ то 5 фоиз муқаррар намудан, муроҷиати намояндагони ҶДММ «Ансор»-и шаҳри Бӯстон ва Ассосиатсияи корхонаҳои коркарди гандуми вилояти Суғд оид ба то 10 фоиз муқаррар намудани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми воридоти молу маҳсулоти гандум, таҳвили он ба корхонаҳои коркарди гандум ва фурӯши он ба Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади дастгирӣ сари вақт расонида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфта, пешниҳод гардиданд ва Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул намуд. Умуман, аксари муроҷиатҳо қонеъ ва ба муроҷиаткунандагон маълумот пешниҳод карда шуд.

«Садои мардум»