Табрикоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум»

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

 DSC_2167Сӣ сол муқаддам, яъне якуми январи соли 1991, нахустин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» – нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт ва ҳамаҷониба инъикос намудани фаъолияти шӯроҳои намояндагони халқ, нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар, инъикоси қонунҳои қабулгардида ва ибрози назари вакилони мардумӣ ба табъ расид, ки миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баъди Федератсияи Россия дуюмин рӯзномаи парлумонӣ ба ҳисоб мерафт.

Аммо, баробари Истиқлолияти давлатӣ касб намудани ҷумҳурӣ, авзои кишвар дар он давра рӯ ба ташаннуҷ овард ва бархӯрдҳои сиёсӣ ба нооромӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, ки дар натиҷа, сармуҳаррири нахус­тини рӯзнома, вакили мардумӣ Муродулло Шерализода аз аввалин қурбониёни он муноқишаҳо гардид. Вале ин талафот рӯҳияи эҷодию касбии кормандони эҷодии рӯзномаро шикаста натавонист ва онҳо бо азму иродаи қавӣ ва неруи солими қаламу сухан тавонистанд баҳри барқарорӣ ва таҳкими сохти конститутсионии мамлакат корҳои зиёдро анҷом дода, рисолати аслии худро дар назди миллату давлати тоҷикон дар сатҳи баланд иҷро намоянд.

Расидан ба сиюмин солгарди камолоти рӯзнома гувоҳи он аст, ки аҳли заҳмати рӯзнома бо дастгирӣ аз сиёсати созандаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд вазифаҳои дар наздашон гузоштаро бо фаъолияти пурсамар ва густурда, азму иродаи қавӣ, муҳаббати беандоза ба касб ва арзишҳои миллию давлатдорӣ бо сарбаландӣ иҷро ва дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон ҷойгоҳ пайдо намоянд.

Бинобар ин, боварии комил дорам, ки рӯзномаи «Садои мардум» обрӯ ва маҳбубияти хосро миёни мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар миёни хонандагон, пайдо намудааст ва минбаъд ҳам бо такя ба таҷрибаи бойи андӯхта дар партави иқдомҳои созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар идомабахши анъанаҳои неки касбӣ боқӣ мемонад.

Бо ҳамин ниятҳои нек аҳли заҳмати «Садои мардум»-ро ба муносибати ҷашни фархундаи 30 — солагии нашри нахус­тин шумораи он табрику таҳният гуфта, офияту хушҳолӣ, бахту саодат ва ғайрату азми тозаро дар ҳаёт ва фаъолияти касбиашон орзу менамоям.