Ҳадаф — мукаммал намудани қонун

№134-135 (4240-4241) 31.10.2020

Бо ин мақсад вакилон бо мутахассисон суҳбати гирди миз доир намуданд

DSC_0895Бисту ҳаштуми октябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати мизи гирд баргузор шуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ» баррасӣ гардид. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим зимни суханронии ифтитоҳӣ гуфт, ки  саҳми соҳаи кишоварзӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бориз буда, барои аз модели аграрӣ – саноатӣ ба модели саноатӣ – аграрии рушд табдил додани иқтисодиёти миллӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (17 марти соли 2020) таъкид карданд, ки «бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату субот, пешрафту созандагӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонун бояд қабул карда шавад ва он ифодагари манфиату ниёзҳои мардум, таконбахши рушди ояндаи ҷомеа, ҳамчунин, амалишаванда ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад».

Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби гурӯҳе, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ» таҳия шуд.

Мақсади асосӣ баррасии муҳимияти лоиҳаи қонуни мазкур ва муҳтавои он мебошад, — изҳор дошт Қодири Қосим.

Баъдан, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода доир ба зарурати қабули қонун суханронӣ намуд. Бино ба гуфти ӯ, ба ҳазорсолаи нав инсоният дар марҳилаи пуршиддат ва тезутундшавии масоили озуқаворӣ ворид гардид. Дар ояндаи на он қадар дур истеҳсол ва тиҷорати маҳсулоти озуқаворӣ ба аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаи муассири фишорҳои сиёсӣ байни давлатҳо табдил хоҳад ёфт.

- Чунин ҳолат эҳтимоли баланд шудани нархи аксари маҳсулоти ғизоӣ ва дар дурнамо ҳатто ба миён омадани маҳдудияти содироти онҳоро ба вуҷуд меорад. Аз ин хотир, заминаи ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ на танҳо таъмини рушди истеҳсолот, балки рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳот: ташкили марказҳои фароғатӣ — фарҳангӣ, системаи обу ташноб ва хизматрасонии муосири коммуналӣ, дастгирии илми кишоварзӣ, тайёр кардан ва бозомӯзонии кадрҳои соҳа, идоракунӣ ва бозорёбӣ ва ғайраро бояд фаро гирад.

- Бо ин мақсад  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ» аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия гардид, — афзуд Рустам Латифзода.

Вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Ахмедов изҳор дошт, ки дар давраи истиқлолият барои мутобиқгардонии фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои соҳавӣ ва барномаҳои гуногуни махсуси давлатӣ қабул ва татбиқ гардиданд.

- Гузаронидани ислоҳоти замин, иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва муҳайё намудани шароит барои рушди баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин ташаккули иқтисодиёти бисёрҷабҳаро    таъмин намуд. Дар заминаи ислоҳоти зикршуда зиёда аз 180 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфтанд.

- Ин раванд мушкилоти навро дар пешбурди соҳа ба миён овард, — илова намуд М. Ахмедов. — Тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи ҳосилнокии зироат ва маҳсулнокии чорво барои баланд бардоштани даромаднокӣ мусоидат намекунанд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо нархи паст харидорӣ шудани маҳсулоти соҳа, масалан пиёз аз 30 то 50 дирам, картошка 1,5 -1,8 сомонӣ ва  болоравии нархи хӯроки чорвою паранда дар бозорҳои дохилӣ масъалаҳое мебошанд, ки тадбирандешии бетаъхирро тақозо доранд.

Солҳои охир дар соҳа муносибати иҷоравии ғайрирасмӣ ба миён омада, заминистифодабарандагони дуюм ва сеюмдараҷа сабаби зуд  — зуд тағйирёбии нархҳо мегарданд. Ин ҳолат, ҳамчунин барои аз истифодаи кишоварзӣ берун мондани замин, бад гаштани ҳолати мелиоративии он ва истифодаи ғайриоқилонаи оби полезӣ боис гардид.

Мирзоанвар Ахмедов мақсади пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ»-ро муқаррар намудани заминаи ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии аграрӣ дар таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳудудҳои кишоварзӣ, танзим, идоракунӣ ва дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони  кишоварзӣ ва мутобиқгардонии муносибатҳои ҷамъиятӣ  вобаста ба пешбурди соҳа ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Бо дарназардошти дар Кодекси замини Тоҷикистон пурра танзим шудани муносибати заминистифодабарӣ ва дар лоиҳаи  қонун пешбинӣ гардидани боби алоҳида оид ба дастгирии давлатии соҳа  аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ислоҳоти замин» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст.

Вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи мавриди назарро дастгирӣ намуда, таклифу пешниҳод ирсол намудаанд, ки ба такмили лоиҳа мусоидат намуданд.

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, муовини вазири адлия Шараф Каримзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Азизмаҳмад Каримзода, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуқодир Мавлодод, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода, раиси Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизбек Шарипов,  сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадиброн Саидзода ва сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов иштирок ва барои мукаммал намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ» андеша баён намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ