Қадршиносии парчам ифтихор аз давлатдорист

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

DSC_0091Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 22 ноябри соли равон дар китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ зикр намуд, ки парчам нишонаи ҳокимият дар қаламрави муайян аст. Боло шудани парчам рамзи пирӯзӣ маҳсуб меёбад.

- Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз қадим дорои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, парчам, будаанд. Дар асари безаволи «Шоҳнома» яке аз нахустин парчами ниёкон бо номи «Дирафши Ковиён» зикр шудааст. Он ҳамчун рамзи ваҳдат, адолатхоҳӣ ва ягонагии давлатдорӣ пазируфта шуда буд, — гуфт М. Мирзозода.

ӯ афзуд, ки ба шарофати истиқлолият мо аз нав соҳиби Парчами давлатӣ гардидем, ки он таҷассумгари гузаштаи шоёну ояндаи дурахшони давлату миллат аст. Қисми 18-уми Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар робита ба ин, барои таҳияи тарҳи Парчам, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ комиссияи махсус ташкил шуд. Ниҳоят, 24 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170 – и Конститутсияи ҷумҳурӣ (соли 1978), ки ба Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар асоси он Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24 ноябри соли 1992) ва Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28-уми декабри соли 1993) тасдиқ шуд. Ҳафтуми сентябри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

DSC_0099- Арҷгузорӣ ва эҳтироми волои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддас ва ифтихори милливу ватандории ҳар як фарзанди баору номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, — таъкид намуд Мавлуда Мирзозода.

Зикр шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи расмии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифодагари соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллист. Ҳанӯз сеюми ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буданд, ки он 11 ноябри соли 2009 таҳти №1458 бо тарафдории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи қонун, ҳар сол дар Ватани маҳбубамон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, гузаштаи дур ва имрӯзи фирӯзу фардои дурахшони халқ аст.

- Парчами давлатӣ, ки дар фазои Тоҷикистон парафшонӣ менамояд, аз Истиқлолияти давлатии тоҷикон, нуфузи баланди он дар ҷаҳон ва дастоварду комёбиҳои халқ дар соҳаҳои гуногун башорат медиҳад. Халқи меҳнатқарини тоҷик зери Парчами давлатӣ на танҳо иқтисодиёти таназзулёфтаро барқарор сохт, балки дар ҳалли бисёр масъалаҳои ҳалталаби сиёсии ҷаҳонӣ ташаббускорӣ нишон дод, — афзуд М. Мирзозода.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»