Ҳайати парлумони кишвар ба Ӯзбекистон меравад

№119 (4068) 05.10.2019

Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон ­Зуҳуров қарор аст бо даъвати Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов 6 октябри соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон сафар  намояд.

Дар назар аст, ки то 9 октябр Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом дода, аз шаҳри Самарқанд ва дигар ҷойҳои таърихии кишвари дӯсту ҳамсоя боздид ба амал орад.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон