Ҳайати парлумонии мамлакат ба Женева меравад

№124 (3918) 13.10.2018

14 — 18 октябри соли равон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Ассамблеяи 139-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Гурӯҳи геополитикии «Евразия»-и он баргузор мегарданд. Дар чорабиниҳои зикршуда Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви Гурӯҳи миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф ва узви Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон Наргис Раҳмонова ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбари Гурӯҳи Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин намояндагӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Гурӯҳи миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Байнипарламентӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолият мекунад, ки дар ин замина бо мақсади густариши бештари робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 таҳти №590 ба имзо расида, тибқи он узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Наргис Раҳмонова барои шомил гардидан ба ҳайати Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки 24-28 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Женева Ассамблеяи 138-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ бо иштироки беш аз 740 намоянда аз 137 кишвар баргузор шуда, масъалаи ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои гурезагон ва муҳоҷиронро баррасӣ кард. Дар он узви Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Раҳмонова аз ҳисоби Гурӯҳи геополитикии «Евразия» ба ҳайати Кумитаи сеюми Иттиҳоди оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон пешниҳод ва интихоб гардид.

Иттиҳоди Байнипарламентӣ (ИБ) соли 1889 таъсис ёфта, ба ҳайати он 178 кишвар шомил (Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви он мебошад) ва 12 созмони байналмилалии парламентӣ мақоми аъзои ассотсиатсияшударо доранд. Ассамблея мақоми олии ИБ ба ҳисоб рафта, соле ду маротиба (баҳор ва тирамоҳ) даъват карда мешавад ва дар он беш аз 1300-1500 ҳайати парламентӣ ширкат меварзанд.

Инчунин, ИБ 4 кумитаи доимоамалкунада: Кумита оид ба масъалаҳои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, Кумита оид ба рушди устувор, молия ва савдо, Кумита оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон ва Кумита оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид дорад, ки сеюми он фаъолиятро баҳри таъмини демократия ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеа ба роҳ монда, мушкилоти ҷории инкишофи демократия ва ҳуқуқҳои инсонро бо фаъолияти парламентӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ, ки соле як маротиба аз ҷониби аъзои ИБ қабул мегарданд, ба роҳ мемонад.

Ҳамчунин, дар доираи фаъолият масъалаи таъмини озодии баён, истифодаи воситаҳои ахбори омма ҳамчун воситаи самараноки рушди демократия ва баъзе мушкилоте, ки дар замони муосир тавассути истифодаи технологияҳои нав ба миён меоянд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар баробари ин, ба масоили иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва муҳоҷирати меҳнатии занон дахл намуда, қарорҳои он дар бисёр масъалаҳо аксаран ба барномаҳои васеи Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳия мегарданд.

Дар кумитаи зикршуда 22 парламентар аз гурӯҳи кишварҳои «Африқо», «Араб», «Осиё — Уқёнуси Ором», «Евразия», «Кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Қариб» ва «12+» шомил мебошанд, ки муҳлати анҷоми ваколаташон марти соли 2020 муқаррар гардидааст.

Гурӯҳи геополитикии «Евразия»-ро, ки соли 1998 зимни конфронси 100-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар шаҳри Москва таъсис ёфт, кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил медиҳанд.

Иттиҳоди Байнипарламентӣ ҳамчун созмони ҷаҳонии муттаҳидкунандаи парламентҳои кишварҳои мустақил шинохта шуда, занон-парламентарҳо ҳамчун баёнгари сиёсати одилонаи гендерӣ дар он мақоми хоса доранд, ки узвияти узви Маҷлиси миллӣ Наргис Раҳмонова далели ин гуфтаҳо мебошад.

Қароргоҳи Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мебошад.

Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма