Ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар даму ҳар рӯзи истиқлол як боли дил аст

№115 (3416) 28.08.2015

Алибердиева КимматгулИстиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Ҳар як фарди баору номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, шукри кишвари озод намуда, бо ғайрати дучанд баҳри ободии Ватани аҷдодии хеш камари ҳиммат бубандад, зеро Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо осон ба даст наомадааст.

Баъди чандин садсолаҳо имконият пайдо гардид, ки 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд. Бо шарофати истиқлолият марҳилаи наву тозае дар ҳаёти халқи мо шурӯъ гардид. Аз ин рӯ, санаи 9-уми сентябри соли 1991 на танҳо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки чун санаи барқарории адолати таърихӣ барои мо азизу муқаддас аст.

Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият  ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон барои ташкили Давлату Ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Дар ҳамин иҷлосия  Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат савганд ёд намуд: « … кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Эмомалӣ Раҳмон садоқату самимияташонро дар назди халқу Ватан то ба имрӯз собит намуда истодаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро чунин арзёбӣ менамояд: «… қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи Истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин намуд. Бинобар ин, сулҳ барои мардуми мо баробари  истиқлолият муқаддас ва бебаҳост».

Вақт ва таҷрибаи таърихии 24- солаи истиқлолият исбот намуд, ки воқеан ҳам роҳи пешгирифтаи  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи наҷоти миллат дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон  будааст.

Бо дарназардошти роҳи пуршебу фарози дар тӯли ин солҳо тайшуда,  сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои азизу муқаддас аҳамияти калон пайдо карданд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гардид.

Тоҷикистон аз  рӯзҳои нахустини истиқлолият бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд  ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи ҷаҳонӣ  мақому манзалати хешро соҳиб гашт. Таҳия, қабул ва татбиқи  барномаҳои мукаммал дар ҳамаи самтҳо ба пешрафти хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуд. Дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фосилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди душвор будани вазъи сиёсию иқтисодӣ, корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд.

Бо шарофати истиқлолият дар ҷумҳурӣ бори аввал мақоми олии доимоамалкунандаи қонунгузорӣ ва намояндагӣ — парламенти касбӣ таъсис ёфт ва шакли думаҷлисаи қонунгузории ҳокимият — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфт, ки нуҳ нафар аъзоёни он намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мебошанд.

Фаъолияти Маҷлиси Олӣ собит намуд, ки чунин шакл ва сохтори ҳокимияти қонунгузор ҷавобгӯйи манфиатҳои ҷомеа ва кишвар буда, барои  қабул намудани қонунҳо ва бо тақозои пешрафти ҳаёти кишвар ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ имкониятҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Бисту чор сол барои таърих муҳлати чандон тӯлонӣ нест, аммо Тоҷикистон дар ин марҳилаи кӯтоҳ роҳи чандин даҳсолаҳоро паймуд.

Дар  ин давра мардуми Тоҷикистон муборизаҳои шадиди сиёсӣ, ҷанги харобиовари шаҳрвандиро паси сар намуда, ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ расид. Дар ин давра ҳатто гӯшаҳои дурдасттарини кишвар  рушду нумӯъ намуда, соҳиби саноати худӣ ва марказҳои илму фарҳанг гардиданд. Чунин таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро мо дар мисоли шаҳри Хоруғ, ки дар даврони истиқлолият симои худро ба куллӣ тағйир додааст, баръало мушоҳида менамоем.

Кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳру  ноҳияҳои вилоят комилан беҳ гардид.

Хусусан шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар хеле тараққӣ кард. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои фараҳбахш рӯи кор омаданд.

Қабул гардидани «Барномаи рушди иқтисодӣ — иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 1995-2000-ум», «Барномаи рушди иқтисодӣ — иҷтимоии ВМКБ барои то соли 2015», сафарҳои пайвастаи Роҳбари давлат ба вилоят, аз ҷумла ба шаҳри Хоруғ, гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат боиси пешрафт ва тараққии иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо гардиданд.

Ҳанӯз дар нахустсафари худ ба шаҳри Хоруғ, ки соли 1993 сурат гирифт, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Ман аминам, шумо Бадахшонро ба минтақаи сайёҳӣ табдил медиҳед ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои амалисозии ин ҳадаф шуморо дастгирӣ мекунад».

Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки се ҳадафи стратегии давлат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дар шаҳри Хоруғ бемайлон амалӣ гардида истодаанд.

Мавриди истифода қарор гирифтани шоҳроҳи Кӯлоб — Хоруғ-Қулма, кӯпрукҳои мошингузар аз болои дарёи Панҷ имконият  фароҳам оварданд, ки сокинони шаҳри Хоруғ на фақат бо тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, балки Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар мамолики дуру наздик рафтуомад намоянд. Пайваст гардидан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба фаъолият шурӯъ намудани панҷ ширкати телефонии мобилӣ, пахши барномаҳои чор шабакаи телевизиони ҷумҳурӣ, телевизион ва радиои маҳаллӣ фазои иттилоотии шаҳри Хоруғро хеле беҳтар намуданд.

Хурсандиовар аст, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ истиқлолияти энергетикӣ комилан таъмин шудааст. Дар давоми солҳои истиқлолият, бахусус дар даҳ соли охир, корҳои бунёдкорию созандагӣ дар шаҳри Хоруғ равнақи тоза пайдо карданд. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин муддат дар шаҳри Хоруғ биноҳои маркази ҷавонон, чойхонаи миллӣ, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, мактаби президентӣ, биноҳои маъмурии Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, Прокуратураи вилоят бунёд гардида, театри вилоятӣ, варзишгоҳи марказӣ барои 6000 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ хишти аввали се иншооти иҷтимоӣ — таваллудхонаи вилоятӣ, қасри варзиш ва бинои дуюми хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти мамлакат гузошта шуд. Соли 2012 ҳангоми сафари Президенти кишвар ба шаҳри Хоруғ корхонаи дӯзандагӣ барои 120 нафар дӯзанда мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони хатти обгузари Боғевдара- Хоруғ ва хонаҳои истиқоматии кормандони ҳифзи ҳуқуқ оғоз ёфт. Умед аст, ки ин иншоот дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо фаъолон, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи вилоят дар боғи фароғату истироҳатии шаҳри Хоруғ, моҳи сентябри соли 2012, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоятро дар 21 соли Истиқлолият ҳаматарафа таҳлил намуда, чунин зикр намуданд: «… Аз соли 1992 то ба имрӯз аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ танҳо барои тараққиёти шаҳри Хоруғ 253 миллион сомонӣ ҷудо ва барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети шаҳр равона гардидааст.

Танҳо дар давоми даҳ соли охир тавассути вазорату идораҳо ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 175 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 151 миллион сомонии он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мебошад».

Дар шаҳри Хоруғ  дар 24 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 иншооти азими замонавӣ дар секторҳои хусусиву давлатӣ сохта шуд.

Маълум аст, ки рушди иқтисодӣ — иҷтимоии шаҳр, пеш аз ҳама, ба маблағгузорӣ, ғанӣ гардидани буҷети худӣ алоқаманд мебошад. Дар солҳои истиқлолият аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо барои рушди иқтисодӣ, бахусус бахшҳои иҷтимоӣ маблағҳои зиёд равона шуданд. Соли 2000-ум агар буҷети шаҳр 409 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, соли 2014 буҷети шаҳр 21 миллиону 835 ҳазору 945 сомониро ташкил дод. Дар соли 2015 бошад, буҷети шаҳри Хоруғ ба 22 миллиону 187 ҳазору 600 сомонӣ расид, ки ин нисбат ба соли 2000 чандин маротиба зиёд аст.

Рушди соҳибкории хурду миёна дар шароити бозори иқтисодӣ яке аз роҳҳои асосии ташкили истеҳсоли воқеӣ ва муассисаҳои хизматрасонӣ ба шумор меравад. Имрӯз теъдоди соҳибкорон дар шаҳр зиёда аз 1000 нафарро ташкил медиҳад. Бо маблағгузории бахши хусусӣ  54 адад корхонаҳои  хурд, 43 адад ошхонаҳои шахсӣ, 167 адад мағозаҳои тиҷоратӣ, ҳашт адад тарабхона ва 21 адад меҳмонхона дар хизмати сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ қарор гирифтанд.

Дар шаҳри Хоруғ бори нахустин маҷмааи варзишӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони хонаҳои нуҳошёна аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад

Истиқлолият зуҳуроти воқеан ҳам муқаддас аст, ки миллати мо  аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё намояд ва ривоҷ диҳад. Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ арзишҳои миллию фарҳангӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, дар ҳолати маҳвшавӣ қарор доштанд, вале бо ҷаҳду талоши Ҷаноби Олӣ тоҷикон дар арсаи ҷаҳон чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ гардиданд ва суннатҳои миллӣ аз нав эҳё шуданд.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Иди байналмилалӣ эълон  гардидани  Наврӯзи Аҷам  ба рушди минбаъдаи фарҳанги мо ва афзудани обрӯю эътибори  Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон такони ҷиддӣ бахшид.

Яке аз рукнҳои ҷомеаи муосир ин рушди маънавиёт ва такмили маориф ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ диққат медиҳад. Дар зарфи 24 сол шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Хоруғ ба 14 адад расид.

Итминони комил дорам, ки  ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасад, истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад.

Ман чун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Хоруғ ҳангоми вохӯриву мулоқотҳо бо интихобкунандагонам – сокинони шаҳри Хоруғ ҳамеша ин маъниро таъкид мекунам.

Бигузор, ормонҳои волои  истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ҷомаи амал пӯшанд ва мардуми мо соҳиби зиндагии боз ҳам шоистатар гарданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар ин маврид хуб фармудааст:

Эй Ватан, ҳар лаҳзаи бахти ту сад соли дил аст,

Рӯзи Истиқлоли ту Наврӯзи иқболи дил аст.

Ҳар даму ҳар рӯзи Истиқлоли хуш фоли дил аст,

Ҳар даму ҳар рӯзи Истиқлол як боли дил аст!

Қиматгул Алибердиева, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хоруғ