Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба номиваз­кунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд» аз 26 ноябри соли 2016, №500 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи деҳаҳои зерини шаҳри Панҷакент:

деҳаи Муғулони поён ба деҳаи Сафобахши деҳоти Амондара,

деҳаи Қизилҷар ба деҳаи Зарринрӯди деҳоти Амондара,

деҳаи Камартош ба деҳаи Камардашти деҳоти Саразм,

деҳаи Ҷомбулоқ ба деҳаи Ҷомчашмаи деҳоти Косатарош,

деҳаи Тегирмонтеппа ба деҳаи Осиёбтеппаи деҳоти Саразм,

деҳаи Кӯктош ба деҳаи Кабудсанги деҳоти ба номи Халифа Ҳасан,

деҳаи Кичиқ Шӯрнова ба деҳаи Шӯрноваи хурди деҳоти Саразм,

Номи деҳаҳои зерини шаҳри Конибодом:

деҳаи Шаҳидқароянтоқ ба деҳаи Диловарони деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов,

деҳаи Яккатерак ба деҳаи Сафедораки деҳоти Патар,

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Ашт:

деҳаи Қурғонча ба деҳаи Қалъачаи деҳоти Меҳробод,

деҳаи Қамишқӯрғон ба деҳаи Хуҷистони деҳоти Меҳробод,

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Спитамен:

деҳаи Оқтеппа ба деҳаи Сафедтеппаи деҳоти Истиқлол,

деҳаи Фармонқӯрғон ба деҳаи Фармонқалъаи деҳоти Хуррамзамин,

деҳаи Саидқӯрғон ба деҳаи Саидқалъаи деҳоти Истиқлол,

деҳаи Қӯштегирмон ба деҳаи Сариосиёи деҳоти Сарбанд

тағйир дода шаванд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 349