Аз «Қасри Арбоб» то «Қасри миллат»

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

ИчлосияБа ҷои сарсухан

Ҳар наслро қисмате насиб будааст. Замоне ки ба синни 18 расидам, дар бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, нооромиҳо оғоз гардиданд. Дар 19-солагиам Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварду дар 20-солагиам Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ барпо шуд. Рӯзи сахте ба сари мардум омад. Дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ торафт доман мезад. Нобасомониҳо мо — ҷавонони он айёмро низ ба гирдоби худ кашиданд.

Кӯҳи ғаму андуҳ асосан ба дӯши онҳое афтод, ки баҳри наҷоти давлату миллати тоҷик ҷонбозиҳо мекарданд. Ин қабил фарзонаинсонҳо дар ҳама шаҳру ноҳия буданд. Қувваҳои сиёҳкори дохилию хориҷӣ мехостанд миллатро ба маҳалҳо тақсим намуда, ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Вале барои мардуми одӣ фарқ надошт, ки кӣ аз кадом маҳал асту ҳатто миллаташ чист. Борҳо шудааст, ки зодаи як минтақа зодаи минтақаи дигарро аз дасти ҷаллодони маҳали худ наҷот бахшидааст. Бадбахтона, зиёд буданд нафароне, ки бо суиистифода аз вазъи баамаломада, бо баҳонаи пуштибонӣ аз дини мубини Ислом ё ҳимояи сохти конститутсионӣ даст ба ғорату куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Аслан, барои гурӯҳҳои ҷиноятпеша муқаддасот вуҷуд надошт. Онҳо ҳатто орзу мекарданд, ки ҷанг идома ёбад, то тавонанд давру даврони худро идома бахшанд.

Бо вуҷуди ин, дар қатори ҳазорон нафар хурду калон дар як гӯшаи дили ман ҳам шуълаяки умед фурӯзон меистод, ки набояд мо — тоҷикон худро бо дастони худ маҳв сохта, сарзаминамонро ба аҷнабиён вогузор кунем. Даҳшати ҷангу хунрезӣ хусусан барои мо — сокинони ноҳияҳои бо Давлати Исломии Афғонистон ҳамсарҳад рӯшантар буд ва ҳеҷ гоҳ намехостем, ки қисмати бади онҳо насиби мардуми Тоҷикистон гардад.

Ба қадри фаҳмиш ҳар гуна хулоса мебаровардем, тахмину пешгӯӣ менамудем. Бовар доштем, ки Худованд барои наҷоти миллати ҷафокашидаи тоҷик ҳатман бо муъҷиза касеро ба майдон мебарорад. Аз ин рӯ, аз назди радиою телевизор дур намерафтем ва гӯшу ҳуш будем, ки хабари умедворкунанда мерасад.

Бадбахтона, вазъият торафт бадтар мегардид. Ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтани собиқ вилояти Кӯлоб аз ҷониби мухолифин ҳоли мардумро то ҳадди ниҳоӣ бадтар намуд. Акнун на танҳо калонсолон, балки кӯдакону наврасон ҳам аз гуруснагию беморӣ ҳалок мешуданд. Яъне, дар баробари тиру камон, қаҳтию гуруснагӣ, хуруҷи бемориҳо ба ҳаёти одамон таҳдид мекард. Ба назари ман, ҷинояте сахттару мудҳиштар аз ин дар муқобили ҳаммиллат буда наметавонад. Гоҳо ҳодисоти таърих ҳам такрор мешудаанд. Айнан чунин ситаму бераҳмиро нисбат ба мардуми Хатлон арабҳои истилогар дар гузашта раво дида буданд ва ҳаводоронашон дар замони мо такрор карданд. Хушбахтона, дар ҳар ду маврид бадхоҳон шармандаю шармсор гардиданд ва миллати тоҷик ба рӯзи саодат расид. Ҳарчанд он ҳама ба осонӣ даст надод, ба қимати гарон муяссар шуд. Чӣ қадар одамон қурбону беному нишон ва чӣ қадар шаҳру деҳот вайрону валангор гардид. Дар он ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрванди мамлакат ҷон аз даст дода, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бе фарзанду бе саробон монданд.

Танҳо соли 1992 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 1991 зиёда аз 35 фоиз коҳиш ёфт. Буҷети давлатӣ барои соли 1993 ҳамчун буҷети фавқулода тасдиқ гардида, захира ­надошт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар кам шуд. Фалаҷшавии низоми молиявию иқтисодӣ, гуруснагии аҳолӣ, корхонаҳои саноатию дигар иншооти иқтисодиву иҷтимоии харобу валангоршуда ва аз фаъолият бозмонда ба мавҷудияти давлат таҳдид мекард. Дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид. Бар замми ин, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ вайрон гардида, мактабу шифохонаҳо сӯхтанд ва роҳу пулҳои зиёд харобу валангор шуданд. Зиёни моддиро ҳисобу китоб кардан мумкин, вале хисороти маънавиеро, ки мардум, махсусан ҷавонону наврасону кӯдакон, аз сар гузаронданд, ба ҳисоб гирифтан аз доираи ақли одамӣ берун мебошад.

Аслан, ҷангҳои дохилӣ қаҳрамон надоранд. Вале, агар аз рӯи инсоф гӯем, кам набуданд касоне, ки беғаразона барои ба рӯзҳои нек расидани мардум қаҳрамонӣ намуданд ва на танҳо бо силоҳ. Дар ҳар минтақа буданд одамони мулкӣ, ки ба қадри тавон баҳри таъмини маҳсулоти ғизоӣ саҳм гузоштанд ва ин корро ба хотири савобу ба даст овардани ризои Худо анҷом доданд.

Ёд дорам, ки он давра як қисми зиёиёну неруҳои солимфикри ҷомеа мавқеъ муайян карда натавониста, аз уҳдаи иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа набаромаданд. Шохаҳои ҳокимият — аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият бозмонда, бисёре аз роҳбарон дар он вазъи мураккаби ҷамъиятӣ ва шароити ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати раҳнамоӣ кардани мардумро аз даст доданд. Дар натиҷа, эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумати замон шадидан коҳиш ёфта, мамлакат амалан бе роҳбару роҳнамо монд. Дар як сол ду Президент ва панҷ Ҳукумат маҷбурӣ ба истеъфо рафтанд, ки нишонаи олии беқонуниву беназмӣ буд.

Хушбахтона, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим аз тарафи фарзандони фарзонаи миллат тарафҳо ба ҳам омада, ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошта шуд. Хирад ба ҷаҳл пирӯз омад. Иштибоҳ намекунам, агар гӯям, ки дар ҳамон вақту замон яке аз омилҳои асосии сарбаланд гардидани мардуми шарифи кишвар ва рӯсиёҳ мондани хоинону душманон ягонагиву бародарӣ маҳсуб мешуд. Ва бояд қайд кард, ки сармеъмори сулҳу оромии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки аз ҷониби вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардида, аз рӯзҳои нахусти роҳбарӣ барои ҷомеаи кишвар корҳое карда тавонистанд, ки роҳбарони пуртаҷриба дар он вазъият оҷиз монданд. Аз ин рӯ, ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор донистани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомест ниҳоят боадолатона.

Ростӣ, он даврони муташанниҷ ҳатто дар тасаввури ман намеғунҷид, ки рӯзе фаро мерасаду дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ширкат меварзам. Ва боз дар ҳамон макони мубораки таърихӣ, ки он доир шудааст. Инчунин аз наздик бо аксар вакилони иҷлосияи сарнавиштсоз ва дигар иштирокчиёни он рӯ ба рӯю ҳамсуҳбат мегардам, ки барои ман шарафи бузургу бахти баланд аст.

Бинобар ин, зарур донистам таасуроти хешро аз он тантанаи бошукӯҳ рӯи коғаз орам, ки шояд барои хонанда низ ҷолиб бошад.

 8201880960_1e25dddc61_o«Сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ»

Бо гузашти бисту панҷ сол дар қатори дигар иштирокчиён, ки бо тақозои вазифа ба сафар баромадем, тағйироти ҷиддиро ба мушоҳида гирифтем. Роҳҳо ободу қулай, шаҳру деҳоти зебо, чеҳраҳои болидаи хурду калон бо забони ҳол аз лаҳни лисон – ул — ғайб Ҳофизи Шерозӣ мегуфтанд, ки: «Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ». Дигар аз мушкилоти роҳу ағбаҳо, ки ҷони мусофиронро ба хатар мегузоштанд, ному нишон намондааст. Қад – қади роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бинову иморатҳои муҳташами зебову муосир, инчунин нақбу пулҳои замонавӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз баракати сулҳу осоиштагию соҳибистиқлолӣ дарак медоданд. Бале! Дар лаҳзаҳои тақдирсоз ба ҳам омадани фарзандони баномуси миллат, муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат, натарсидан аз душворию хатарҳои пешомада, эътимод ба ояндаи нек Тоҷикистонро ба як давлати ободу зебо ва рӯ ба инкишоф мубаддал гардондааст.

Шаҳру навоҳии Хуҷанду Бӯстону Гулистон ва Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов аз дигар рӯзҳои муқаррарӣ дида бештар қабои идона ба бар кардаву сокинонаш пурҳаяҷону сертараддуд буданд. Онҳо меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро, сарфи назар аз сардии ҳаво, гарму самимӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, пешрафту шукуфоӣ бо чеҳраи болидаву ҳаяҷони бемисл, бо гулу гулдаста истиқбол намуданд. Дар он рӯзҳои муборак ба назар чунин мерасид, ки гӯиё ҳама сокини ҷумҳурӣ шодию хурсандӣ доранд.

18-уми ноябри соли 2017 бо ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва намояндагони аҳли зиёи мамлакат бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Онро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла изҳор дошт, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Маҳз дар он иҷлосияи таърихӣ ба бахти миллати тоҷик ва бо инояти Парвардигор ҷавонмарде ба арсаи сиёсат омад, ки бо фаъолияти пурсамар Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ бахшид ва сулҳу ваҳдати комилро барқарор сохт. Ба гунаи мисол дастовардҳое, ки солҳои охир Тоҷикистони соҳибистиқлол ба онҳо ноил гардид, аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Сипас, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии солҳои охир ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳа, бахусус энергетикаю саноат ва роҳу нақлиёт, рушди бемайлон таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло рафт.

Вакилону иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова, Ғайбулло Авзалов, Абдусаттор Ҷабборов, Рафиқа Мӯсоева, Аламхон Ахмедов, Ятим Мирзоев, Адолат Раҳмонова, Ҳошим Азимов, Азиза Анварова, Ҳамдам Рофиев, Одил Бердиев, Амонҷон Абдуллоев, Муродҷон Тоҳиров, Абдуваҳҳоб Саидмуродов, Зууракан Давлаталиева, Абдурашид Ҷабборов, Раҷаб Қодиров ва Ҳайдар Шарифов перомуни Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, нақши онро дар таҳкими давлатдории навини кишвар на камтар аз Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.

Дар хотима Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз нақши Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар, хидматҳои беназир ва мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, аз ҷумла иброз дошт, ки Пешвои миллат ҳамзамон бунёдгузори давлати навини тоҷикон мебошанд ва маҳз бо талошу ҷоннисориҳояшон Тоҷикистон ба кишвари ободу зебо табдил ёфт ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом гардид.

- Агар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ сарвари нави сулҳовару бунёдгузори давлатдории навинро интихоб карда бошад, — таъкид кард Маҳмадсаид Убайдуллоев, — Сарвари давлат барои амалӣ кардани орзую омоли халқ ва қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ ҷоннисорона фаъолияти беназир намуда истодааст ва ин собит менамояд, ки Иҷлосияи тақдирсоз ва Пешвои миллат ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Пайомади ҳамин робита буд, ки дар марҳилаи таҳкимёбии асосҳои давлатдории навин, халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикис­тонро қабул ва Президенти мамлакатро интихоб намуд.

Боз як падидаи нави сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории навин он аст, ки Президенти мамлакат бо ташаббуси эҷодкорона, ба хотири такомули низоми давлатдорӣ сохти идоракунии президентиро чун тарзи амудии идораи давлат пешниҳод карданд ва халқ онро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ маъқул донист, қабул кард ва ба ин васила Президенти кишвар рисолати нави таърихиро ба зимма гирифта, аҳли ҷомеаи кишвар, сохтору мақомот, иттиҳодияҳои ҷамъиятию институтҳои шаҳрвандиро ба сатҳи нав ва баланди тараққиёт ҳидоят намуда, пайгирона амалӣ намуда истодааст.

19 ноябри соли 2017 дар «Қасри Арбоб» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии  ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ барпо гашт. Дари ин макони таърихӣ дубора ба рӯи онҳое низ боз гардид, ки бисту панҷ сол муқаддам дар як ҳолати ниҳоят изтироболудаю ҳассос, бо даъвату ҳидоятҳои роҳбари ниҳоят ҷавон, вале самимию ­боҷуръат, халқу ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон хирдамандию ҷасоратмандии бемисл нишон дода, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронданд ва бо ин амали хайр аз ҳалокати миллату давлат пешгирӣ намуда, хидмати бузургеро ба ҷо оварданд. Номи тоҷику Тоҷикистонро дубора зинда карданд ва сари тоҷикро ба осмон бардоштанд. Ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки миллати тоҷик ҳаргиз ҷонибдори ҷангу хунрезӣ набуду нест ва он шӯри ангехта кори дасти як гурӯҳ ҷоҳилону сияҳкорон буду бас. Маҳз, бисту панҷ сол қабл дар ҳамон рӯз, яъне 19-уми ноябри соли 1992 дар ҳамон толор Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб намуданд.

То он фурсат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, замоне ки Эмомалӣ Раҳмон масъулияти раисии Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлобро ба зимма доштанд, ҳангоми баррасии авзои кишвар пайки наҷот ва орзуи расидан ба сулҳу суботро бо итминони комил ва бовар ба неруи ақлонии миллат ба тариқи зайл баён дош­танд: «Ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ қуввае қисмат кардани Тоҷикистони азиз муяссар намегардад». Қатъият, ҷасорату дилпурона сухан гуфтани Пешвои миллат дар он лаҳзаҳои ҳассос ба дили вакилон ва мардуми кишвар умед ба фардои нек бахшиданд.

«Хушбахтона, вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи ХVI дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ хато накарданд», — изҳор дошта буд Қозидавлат Қоимдодов. Ба гуфти ӯ, бо такя ба баҳои Созмони Милали Муттаҳид, «Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки роҳбараш мухолифони мусаллаҳро баргардонда, бо яроқу аслиҳаашон дар паҳлуи худ ба сари қудрати давлатӣ баровард».

Ба ҳамин тариқ, ҷамъомади тантанавӣ дар толори бузурги «Қасри Арбоб» бо ворид шудани Сарвари давлат ­Эмомалӣ Раҳмон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар аз рӯзҳои пурдаҳшати соли 1992, ки чун соли ­фоҷиаи миллӣ арзёбӣ мегардад, ёдовар шуда, ба вакилони Шӯрои Олӣ, ки аз 227 кас 197 нафар барои иштирок дар иҷлосия ба қаср ҳозир шуданд ва он шахсиятҳои соҳибнуфуз, ки баҳри ташкил ва гузарондани иҷлосияи таърихӣ ва барқарорсозии сулҳу созиш дар мамлакат саҳм гузоштанд, арзи сипос намуд.

Зикр гардид, ки дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Нахустин қонун дар бораи афви иштирокдорони муноқишаҳои мусаллаҳона, инчунин қонуну санадҳои муҳими дигар дар бораи баргардондани гурезаю муҳоҷирони иҷборӣ қабул шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳона ва оқибатҳои пурфоҷиаи солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, уқубатҳои барқарору пойдор намудани сулҳу созиш ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат аҳли толор ва мардуми кишварро ба арҷгузорӣ ба фазои сулҳу амонӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, арзишҳои волои умумимиллӣ ва таълиму тарбияи насли ояндаи кишвар дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва давлатсозию давлатдории шоиста ҳидоят намуда, бо камоли хирадмандию хоксорӣ изҳор доштанд: «Қаҳрамони сулҳсозӣ ва давлатсозии тоҷикон кулли мардуми Тоҷикистон аст, зеро барқарорсозии сулҳу салоҳ, эътидоли иҷтимоию сиёсӣ ва рушди иқтисодие, ки имрӯз ба назар мерасад, ба шарофати дастгирию пуштибонии беғаразонаи халқи шарафманди кишвар муяссар гардид ва чӣ гуна мо ба ин халқу Ватан хизмат накунем?»

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлол дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳар чӣ зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъда даъват шуд. Он дар давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат: беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу макони зист ва гуреза шудани садҳо нафар ҳамватанон баргузор гардид.

Бо дарназардошти вазъи фоҷиабор ва ба хотири наҷоти давлату миллат як гурӯҳ вакилони мардумӣ ва намояндагони қувваҳои огоҳи ҷомеа, ки хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллатро дарк карданд, ­масъалаи ҳар чӣ зудтар даъват намудани иҷлосияро ба миён гузоштанд. Воқеан ҳам, дар он вазъияти мураккабу хавфнок ягона роҳи баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии хунрезӣ таъҷилан даъват намудани иҷлосия буд. Зеро дар он айём Шӯрои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт. Оғози кори иҷлосия ибтидои умеду дилпурии мардуми кишвар аз фаъолияти ҷасуронаву ватанпарастонаи вакилони интихобкарда буд, ки масъулияти вазнини баргузории онро ба уҳда гирифтанд.

Гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шӯрои Олӣ дар иҷлосияи таърихиву тақдирсоз зарурат ва аҳамияти нигоҳдории якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк мекарданд. Мардуми ҷумҳурӣ низ аз онҳо ҷиҳати аз буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ баровардани мамлакат иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонатро интизор буданд.

Дар он шароити ниҳоят печидаву мушкил Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баробари ба таври қатъӣ эълон кардани волоияти қонун, тартибу низоми ҷамъиятӣ ва пешгирӣ кардани кӯшишҳои харобгаронаву ҷудоихоҳонаи қувваҳои муайяни дохиливу хориҷӣ, дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти амиқ ва дигаргуниҳои бунёдии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро ворид намуд.

Вале баъдан маълум гардид, ки тарроҳони хориҷӣ ва дохилии ҷанг, ки умуман ҳисси миллӣ надоштанд ва ба хотири нафси бад имон фурӯхтанд, аз ниятҳои шум ба осонӣ даст накашиданд. Ин буд, ки баъд аз иҷлосия низ солҳои тӯлонӣ барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ сарф шуданд.

Музокироти сулҳи тоҷикон ҳудуди 4 сол тӯл кашида, дар  9 даври гуфтушунид 40 санаду созишнома ба имзо расонида шуд. Ва хулосаи мантиқии он имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 27 июни соли 1997 буд.

Баъди иҷлосия, инчунин раванди ба Ватан баргардонидани гурезаҳо оғоз шуд ва то соли 2000-ум беш аз як миллион нафар ҳамватанон ба ҷойҳои зисти қаблӣ баргаштанд.

Сиёсати сулҳҷӯёна ва «дарҳои кушода» низ ҳамчун ҷавҳари сиёсати хориҷии мамлакат аввалин бор дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ эълон шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.

Ҷомеаи ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамфикриву ҷонибдориро аз қарорҳои қабулшуда ва азму иродаи роҳбарияти нави мамлакат дар хусуси барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва эъмори давлати демок­ратӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ баён намуд. Дар баробари ин, Иҷлосияи шонздаҳум барои эҳё ва барқарор гардидани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он заминаи мусоид фароҳам овард.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идоракунии давлатӣ, Ҳукумати фаъол, мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид.

Дар фаровард Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо сипос аз мардуми шарифи кишвар, бахусус вакилон, таъкид намуд, ки: «Дар он солҳои вазнину пурдаҳшат мо сулҳу амонӣ ва ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти қонунро барқарор кардем, мардуми парешонгардидаро аз нав ҷамъ намудем. Имрӯз ин дастовардҳоро бояд ҳифз намоем ва барои рушду тараққиёти ояндаи давлати Тоҷикистон ҷаҳду талош намоем, то ки ба наслҳои минбаъдаи худ як мулки ободу зебо ва пешрафта боқӣ гузорем».

Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи бошукӯҳи фарҳангии аҳли эҷоди телевизиону синамо ва санъаткорони касбию ҳаваскор, ки саршор аз тарғибу ташвиқи арзишҳои волои сулҳу созиш ва бунёдкорию созандагӣ буд, идома ёфт.

«Қасри Арбоб» ва шахсияте, ки сабаби пешгирӣ аз хунрезӣ гардиданд

Агар гӯем, дар он шабу рӯзе, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ доир мегардид, ҳатто чашми оламиён ба умед сӯи «Қасри Арбоб» буд, хато нахоҳад шуд, зеро тақдири миллати куҳанбунёди тоҷик дар он ҳаллу фасл мешуд. Гузашта аз ин, баробари дигар дидаю шунида дарёфтам, ки ҷараён гирифтани Иҷлосияи тақдирсоз дар «Қасри Арбоб» на аз рӯи тасодуф буд, агарчӣ нооромӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳӣ ба он сабаб гардид. Зеро ашхосу зарфияту маконе ҳастанд, ки хосияти фарқкунанда доранд. Ин рисолатро, дар ҳақиқат, «Қасри Арбоб» низ доштааст. Таърихи бунёди онро шоҳидон ба азму иродаи ду шахси барои миллат азизу муътабар-аллома Бобоҷон Ғафуров ва ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхӯҷа ӯрунхӯҷаев мансуб медонанд. Тирамоҳи соли 1947 зимни сафари корӣ ба вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба хоҷагии ба номи Молотов, ба назди Саидхӯҷа ӯрунхӯҷаев омада, қарори КМ КПСС дар бораи муттаҳидкунии колхозҳои хурдро мерасонад ва пешниҳод мекунад, ки хоҷагиҳои Молотов ва Ворошилов муттаҳид карда шаванд. Раиси хоҷагӣ дар ҷавоб мегӯяд:

- Барои муттаҳид кардан дар хусуси маҷлисгоҳу чойхона низ бояд фикр кард.

- Ин дуро дар сарҳади ҳар ду хоҷагӣ бунёд мекунед, — дастур медиҳад Бобоҷон ғафуров.

Ҳамин тавр, баъди муттаҳид гардидани колхозҳо раиси номдор макони имрӯзаи ҷойгиршавии қасрро интихоб мекунад, ки онро тибқи ривоятҳо «Теппаи Арбобкуш» мегуфтанд. Яъне, дар он ҷо арбоби деҳаро ба қатл расонида будаанд.

Бисёриҳо суол мекунанд, ки чаро тарҳи «Қасри Арбоб» ба қасрҳои шаҳри таърихии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия монанд аст? Зимни омӯзиш ба муҳаққиқ Ҳакимҷон Дадобоев маълум шудааст, ки орзуи бунёди қасри бошукӯҳ дар дили Саидхӯҷа ӯрунхӯҷаев соли 1935, зимни иштирок дар Анҷумани колхозчиёни умумииттифоқ маскан гирифтааст. Баъди ба охир расидани анҷуман вакилон ӯро барои тамошо ба шаҳри Санкт — Петербург мебаранд. Ҳамон вақт раиси номдор орзу мекунад, ки: «агар колхоз бой шавад, ҳатман қасре монанд ба Петергоф месозад». Бинобар ин, соли 1949 ба меъмор Ҳикмат Юлдошеви душанбегӣ дастур медиҳад, ки қасри бунёдшаванда монанд ба Петергоф бошад.

Шоҳидон мегӯянд, ки сохтмони қаср феврали соли 1951 оғоз ёфта, 7 сол давом кардааст. Дар бунёди он ба ҷуз сохт­мончиёни асосӣ ҳар рӯз аз 80 бригадаи хоҷагӣ дунафарӣ чун ҳашарчӣ ширкат менамудаанд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар сохтмон аз 280 то 300 нафар кор мекардаанд. Ҳолдонҳо сабаби қариб бе шикасту рехт анҷом ёфтани сохтмонро дар эътиқоди раисбобо ба дину диёнат медонанд. Зеро қабл аз корҳои сохтмонӣ гӯсфандеро қурбонӣ карда, баъд корро оғоз карда будаанд.

Имрӯз «Қасри Арбоб» макони гаштугузор ва ташрифи сайёҳони дохиливу хориҷӣ гаштааст.

Бинои қаср 6 ноябри соли 1957 ба истиқболи 40-солагии Инқилоби Октябр дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шудааст. Арзиши аслии онро муҳосибон 50 миллион рубл ҳисоб карданд, аммо бо сарфакорӣ ба маблағи 12 миллион рубл бунёд гардидааст.

Қасри бошукӯҳ, ки бо заҳмати ҳалол бунёд ёфтааст, минбаъд низ чун макони сарҷамъии аъзои ду хоҷагӣ хидмат кардааст. Вале касе — на ташаббускору на масъул ва на сохтмончиёнаш — намедонист, ки расо баъди 35 сол аз нав макони сарҷамъии миллат, сулҳу оштӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, наҷоти миллат, макони интихоби Сарвари оқилу доно ва хирадманд, Пешвои миллати тоҷик мегардад. Инчунин боиси бунёди Муассисаи давлатии «Қасри миллат» ва дигар корҳои хайру савоб.

Ба ҳамин монанд, зуҳури Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои ояндаи миллат низ тасодуфӣ нест. Агарчӣ дар миёни намояндагони мардумӣ низ кам набуданд касоне, ки ба ояндаи Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон эътимод надоштанд.

Абдулмаҷид Достиев, сардори котиботи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар мақолаи «Оғози беанҷом» (рӯзномаи «Садои мардум», рақамҳои 134 — 136 (3771 — 3773) менависад: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҷумҳурӣ ва мардумро, ки чун киштии бепаноҳ бе нохудо монда буду ҳар замон тӯфони ҳаводис ба ғарқ шудану нестӣ таҳдид мекард, раҳо бахшида, масири ҳаракат, чароғи роҳнамои онро муайяну шахсеро дар симои фарзанди фарзона — Эмомалӣ Раҳмон гавҳаршиносона сари фармон боз овард, то киштӣ ба соҳили мурод раҳнамун гардад».

«Тоҷикистон хонаи хуршеди Ваҳдат шуд»

 Чун имрӯз он давраҳои вазнин паси сар шуда, моли таърих гардиданд, боифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон таҳти сарварии фарзанди фарзонааш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар татбиқи нақшаҳои муайяннамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ нақши калидӣ доранд, дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қарор дорад. Дар мамлакат сохтмонҳои азими аср, ба монанди роҳҳои мошингард, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, барқарор намудани садҳо пул, бунёди садҳо муассисаи таълимиву фарҳангӣ, иҷтимоӣ, тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии шаҳрвандон, корам сохтани заминҳои нав, нақшаҳои стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ далели бунёдкорию созандагии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик аст, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ маншаъ мегиранд.

Зимни бозгашт бо шукргузорӣ аз фазои озоду осудаи кишвар дар чеҳраи ҳамсафарон осори қаноатмандию хурсандиро аз корҳои карда дар солҳои пурташвишу ноором мушоҳида намуда, аз дил гузарондам, ки аз зумраи хушбахттарин одамонанд. Чаро ки бо ҳама душворӣ тавонистанд дар сарнавишти миллату Ватан саҳми созанда бигиранд.

Мушоҳидаи муҳандиси сохтмон, зиндаёд Маҳкамбой Самебоев, дар мавриди он ки «Қасри Арбоб» дорои 16 сутун аст ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳам 16 ноябр оғоз шуду расман 17 рӯз идома ёфта бошад ҳам, аз рӯи баҳисобгирии омодагӣ 16 рӯз ҳисоб мешавад, маро то дер ба тааҷҷубу ҳаяҷон меорад. Бо рӯҳу табъи болида ва эҳсоси баланди ватандорӣ, беихтиёр мисраъҳои шеъри шоир Ворис ба хотир мерасанд, ки чунин аст:

Тоҷикистон хонаи хуршеди Ваҳдат шуд,

Хонаи уммеди мо кохи муҳаббат шуд.

Дастҳо гарми салому дидаҳо пурнур,

Зиндагӣ саршор аз файзи саломат шуд.

Пар кашад Симурғ болои сари тоҷик,

Сарнавишти чун биҳишти мо китобат шуд.

 Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум»