Аз мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№5 (3955) 12.01.2019

Тавре иттилоъ дода будем, оғози ҳафтаи ҷорӣ тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон ба ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромаданд. Мақсад баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо интихобкунандагон ҷиҳати тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар зер хабарнигорони махсуси рӯзнома аз ин хусус гузориш додаанд.

DSC07518Ҳафтаи равон вакилони Маҷлиси намояндагон Амрихудои Дамдор ва Нуралӣ Риоев, таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят мулоқот намуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, аз ҷумла, изҳор дошт, ки эътироф гардидани пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ муҳимтарин дастоварди мардуми тоҷик дар даврони соҳиб­истиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, зикр шуд, ки қабул гардидани пешниҳоди чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати об аз ҷониби 190 кишвари ҷаҳон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат тавонистанд бо сиёсати муваффақонаашон Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Соли 2018 барои мардуми тоҷик боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор ва дӯстию рафоқат байни ду миллат устувор гардид.

Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми НБО-и «Роғун», ки қадами устувор баҳри амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии мамлакат маҳсуб меёбад, низ аз ҷумлаи муҳимтарин дас­товардҳои соли сипаришуда арзёбӣ гардид.

Қайд шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2018 дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб НБО-и «Тоҷикис­тон» бо иқтидори 1500 кВт ба кор даромад ва Бадахшон бо неруи барқ пурра таъмин шуд. Бо дастгирии Сарвари давлат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз ду неругоҳи барқи обӣ — «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ва «Савноб» дар ноҳияи Рӯшон бо иқтидори умумии 211 мегаватт сохта мешавад.

- Зимни ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкон медиҳад, ки дар 4223 деҳаи Тоҷикистон, аз ҷумла, деҳоти Бадахшон, ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардад, — афзуд Акрамшо Фелалиев.

Амрихудои Дамдор Паёми Пешвои миллатро давоми мантиқии паёмҳои солҳои гузашта унвон карда, гуфт, ки иҷрои саривақтии нишондодҳои он ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат хоҳад намуд. Ӯ бо ёдоварӣ аз дастоварди муҳими соли 2018-мавриди истифода қарор гирифтани чархаи якуми НБО-и «Роғун» таъкид намуд, ки бунёду мавриди истифода қарор додани НБО-ҳои нав дар кишвар, таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда ва ба анҷом расонидани лоиҳаи гидроэнергетикии CASA — 1000 аз муҳимтарин қадамҳо дар самти истиқлолияти комили энергетикӣ ва саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Нуралӣ Риоев гуфт, ки бо мақсади рушди истеҳсолот дар кишвар зимни ироаи Паём Пешвои миллат барои соҳибкороне, ки ба истеҳсолот машғуланд, як қатор имтиёз муайян намуданд, ки дар баробари рушди соҳибкорӣ, ҳамчунин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани сатҳи иқтисодии рӯзгори мардум мусоидат хоҳанд намуд.

Қайд шуд, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд, ки яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва Ванҷу Дарвоз низ дар назар аст.

Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»

IMG_20190109_1036599 январи соли ҷорӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул бо интихобкунандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39, деҳоти «Сарвати истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Номбурда зикр намуд, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 26 декаб­ри соли 2018 пешниҳод гардид, паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифта, муҳимтарин самтҳои фаъолият барои ояндаи наздик мушаххас гардиданд.

Ҷобирзода Тоҳир Гул оид ба нуктаҳои Паём ба таври алоҳида суханронӣ карда, афзуд, ки Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ асос меёбад. Ба ифодаи дигар, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун паёмҳои пешин, пурра ба беҳбуд бахшидани шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронида шудааст.

Ҷобирзода Тоҳир Гул бо сокинони шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва деҳоти «Бохтариён»-и ноҳияи Кӯшониён низ мулоқот кард.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

регар22Чанде пеш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Олимҷон Бобоев ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Маҳмадалӣ Ватанзода бо фаъолону сокинони деҳоти «Қаратоғ» мулоқот намуданд.

Садриддин Шарипов изҳор дошт, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳим ва хотирмон барои сокинони кишвар воқеан ҳам таърихӣ буд. Дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об (22 марти соли 2018) расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ва 16 ноябр ба кор даромадани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи рӯйдодҳои фараҳбахш ба ҳисоб мераванд.

Ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ рӯйдоди дигари таърихӣ маҳсуб меёбад. Ин дастовард баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар ба даст омад. Дар натиҷа, рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардид ва дар зарфи нуҳ моҳи соли 2018 беш аз 2,5 миллион нафар шаҳрванди ҳар ду кишвар ба дидори хешу табор расиданд, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб густариш ёфтанд.

Садриддин Шарипов аз тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ёдовар шуда, гуфт, ки ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз зиёд гардид. Аз ин хотир, бо ба назар гирифтани аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

Олимҷон Бобоев аз хусусиятҳои фарқкунандаи Паёми Пешвои миллат ёдовар шуда, нақши онро дар идоракунии давлат хеле муҳим маънидод кард.

- Сарвари давлат таҳти назорати қатъӣ қарор додани амалишавии барномаҳои давлатӣ, соҳавии қабулгардида, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, самаранокӣ ва сифати онҳоро таъкид намуда, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро барои ҷалби сармояи мус­тақим, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вазифадор намуданд. Илова бар ин, Сарвари давлат дар наз­ди роҳбарони сатҳҳои гуногун вазифа гузоштанд, ки бо мақсади баланд бардош­тани донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои хизматрасонӣ таъсис диҳанд, бигузор онҳо дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро кунанд, — афзуд Олимиҷон Бобоев.

Маҳмадалӣ Ватанзода нуктаҳои Паёмро батафсил шарҳ дода, аз иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои охир бо мақсади беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ёдовар шуд. Ӯ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар сол баҳри зиёд кардани маошу нафақа ва кумакпулиҳо тадбирҳо меандешад. Ба таъкиди Сарвари давлат, бояд аз тамоми чораву тадбир барои амалӣ кардани ин ният пурсамар истифода барем. Ҷалби сармоягузориҳои мус­тақим, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, пахта ва дигар зироатҳои техникӣ, ба кор андохтани корхонаҳои солҳо бекормонда ва ба ин восита афзун намудани даромади Буҷети давлатӣ шароит фароҳам меорад, ки масъалаҳои иҷтимоӣ муваффақона ҳалли худро ёбанд.

- Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии моянд, — идома дод Маҳмадалӣ Ватанзода ва аҳамияти зарурӣ додан ба таълиму тарбияи фарзандонро вазифаи муҳими падару модарон ва умуман, аҳли ҷомеа, ҳисобид. — Вале риояи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандон мувофиқи мақсад нестанд. Дар ин бобат бояд фаъолиятро тақвият бахшид, то ин ки фарзандон ба зиндагии мустақилона омода шаванд, сарфаю сариштакорӣ риоя гардида, расму оин, анъанаву суннат ва фарҳанги миллӣ ҳифз гардад, — гуфт ӯ.

Дар интиҳо Маҳмадалӣ Ватанзода бо ишора ба таъкиди Пешвои миллат дар бобати хизматгузори халқ будани хизматчиёни давлатӣ, аҳли нишастро ба кори софдилонаю содиқона даъват намуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

IMG_3589Зимни мулоқоте, ки вакилони Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода ва Ҳокимҷон Холиқзода дар маркази савдои «Южные ворота» — и шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи соҳибкорону кормандони як қатор марказҳои тиҷоратӣ доир намуданд, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа баррасӣ гардиданд. Онҳо изҳор доштанд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба ҳадафҳои стратегӣ ноил гашта истодааст. Мисоли равшани он дар охири соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи якуми НБО — и «Роғун» мебошад, ки сарфи назар аз мушкилоту зиддиятҳо, маҳз бо шарофати талошҳои шабонарӯзии мардуми сарбаланди кишвар ва иродаи сиёсии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар муяссар гардид.

- Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ имкониятҳои навро ҷиҳати саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ фароҳам меорад, ки ин на танҳо иқтидори истеҳсолии кишварро вусъат мебахшад, балки ба таъсиси садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ мусоидат менамояд, — изҳор намуд Ҳокимҷон Холиқзода.

Ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм дахл намуда, Бахтовар Сафарзода иброз дошт, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла, дар ин робита, дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта истодааст, зеро ин мушкили танҳо як кишвар нест.

Ба таври расмӣ экстремистию террористӣ ­эътироф шудан ва қатъ гардидани фаъолияти ҳизби террорис­тию экстремистии наҳзати ислом ва дигар ташкилоту созмонҳои ифротӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ин гуфтаҳоро собит менамоянд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам пайравони ҳизби ифротии наҳзат аз хориҷ истода, ба кишвар санги маломат мезананд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ба саф ҷавонони ноогоҳро шомил намоянд.

Дар назди ҳозирин, ҳамчунин, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ватан» Ҳокимшо Муҳаб­батов, узви Шӯрои уламои муфтиёти шаҳри Москва Меликбой Зокиров ва дигарон баромад карда, иброз доштанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус, ҷавононро пайваста ташвиқ мекунанд, ки аз ихтисосҳои муосир бархӯрдор бошанд. Зеро дар хориҷа ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне фаъолият менамоянд, ки ҳадафҳои аслии дини мубини исломро як сӯ монда, мақсадҳои ғаразнокро тавассути ҷавонони ноогоҳ роҳандозӣ кардан мехоҳанд.

Дар фарҷом ба ҳамватанон нусхаҳои аввалини нашри Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар Федератсияи Россия идома дорад.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                                                              *************

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд, №13» Гулбаҳор Назирӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода чанде қабл бо сокинони маҳаллаҳои «Темурмалик», «Тиллокон» ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ баргузор намуданд.

Гулбаҳор Назирӣ изҳор дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурус­тӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиҳои Пешвои миллат фаъолиятро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардош­тани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода қайд кард, ки дар Паём ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки дар се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву маркази саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешавад. Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла, дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мегардад, ба мушоҳида мерасанд. Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад, ки дар ин самт зарур аст тадбирҳои муассир андешем. Соли 2018 бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»